Ҳамкории Тоҷикистону Летунӣ дар мубориза бо терурисм
Image copyrightBBC World ServiceНиҳодҳои интизомии Тоҷикистон ва Летунӣ (Латвия) дар мубориза алайҳи терурисм, ҷароими созмонёфта ва қочоқи маводди мухаддир ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Дар ин замина порлумони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 17 декабр Мувофиқатномаи байни Тоҷикистону Летунӣ дар мавриди ҳамкориҳо дар мубориза алайҳи терурисм, ҷароими созмонёфта, қочоқи маводди мухаддир ва ҷароими дигарро баррасӣ ва тасвиб кард.
Ин санади ҳуқуқӣ дар рӯзи 10 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.
Женерол Искандар Солеҳзода, муъовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон, муборизаи муштарак бо терурисм бо тамоми шаклҳояш, сармоягузорӣ дар терурисм, ҷароими созмонёфта, фасод, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва қочоқи инсонро аз аҳдофи ин мувофиқатнома унвон кард.
Оқои Солеҳзода гуфт, ки тибқи ин санад ҷонибҳо иттилоъоти маҳрамонаро дар мавриди гурӯҳҳои теруристӣ ва ширкати эҳтимолии атбоъи ин кишварҳо дар ҷароими мухталиф бо ҳам мубодила хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов, узви порлумон ва раҳбари Ҳизби кумунисти Тоҷикистон, хостори ташреҳи вожаи “терурисм” дар ин санад шуда ва гуфт, ки умдатан ҳар кишвар мафҳуми “терурисм”-ро бо таваҷҷуҳ ба манофеъи худ шарҳ медиҳад.
Оқои Шабдолов ба унвони мисол аз ҳаводиси Укройн ёдоварӣ кард ва гуфт: "Дар ҳодисаҳои Укройн онҳое, ки силоҳ дар даст аз ватан, хона, забон ва фарҳанги худ ҳифозат мекунанд, терурист хонда шуда ва онҳое, ки онҳоро бо рокетҳо мезананд, демукрот унвон мешаванд."
Ӯ гуфт, ки бо тасвиби мувофиқатнома бо Летунӣ дар мубориза бо терурисм, ба далели ин ки намояндагони ин кишвар дар ҳаводиси Укройн ширкат доштаанд, мухолиф аст.
Аммо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, гуфт, ки дар мувофиқатнома бо Летунӣ мафҳуми “терурисм” матраҳ нашуда, балки ба ҳамкории ниҳодҳои интизомии ин ду кишвар дар мубориза бо терурисм, ҷароими созмонёфта ва қочоқи маводди мухаддир таъкид шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, терурисм барои ҳар кишвари ҷаҳон таҳдид маҳсуб шуда ва кишварҳо талош мекунанд, ки барои муқобала бо он нерӯҳои худро басиҷ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, женерол Искандар Солеҳзода, муъовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон, гуфт, ки дар Укройн ҷанги дохилӣ ҷараён дошта ва дар бораи ширкати атбоъи хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистону Летунӣ, дар ҳаводиси ин кишвар иттилоъи дақиқе вуҷуд надорад.
Ҳамзамон, женерол Солеҳзода таъкид кард, ки ҳудуди 200 тан аз атбоъи тоҷик дар ҷангҳои Сурия ширкат дошта, асомии 50 нафари онҳо мушаххас ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Зимнан, дар моҳи майи соли ҷорӣ Қонуни кайфарии (ҷиноии) Тоҷикистон дар иҷлоси порлумон ислоҳ шуд, ки тибқи он, барои ҷалб ва ширкати ғайриқонунии атбоъи тоҷик дар амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои хориҷӣ муҷозот таъйин шудааст.
Масалан, дар моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон се шаҳрванди ин кишварро барои ширкат дар ҷангҳои Сурия бар асоси қавонини ин кишвар ба муддати ду сол равонаи зиндон кард.
