Гиромидошти хотираи Сӯҳроб Шарифов дар порлумон
Намояндагони порлумони Тоҷикистон аз Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси намояндагони кишвар ба унвони чеҳраи саршиноси сиёсӣ ёдоварӣ карда ва барои гиромидошти хотираи ӯ лаҳзае сукут варзиданд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 21 январ дар оғози иҷлоси порлумон гуфт: “Марги Сӯҳроб Шарифов барои порлумони ин кишвар гарон аст.”
Ҳамчунин, оқои Зуҳуров аз вуруди барқияҳои тасаллият аз сафоратхонаҳои хориҷӣ дар шаҳри Душанбе, созмону идороти давлатӣ, мақомоти шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба порлумон дар иртибот ба фавти Сӯҳроб Шарифов хабар дод.
Ду рӯзе қабл Сӯҳроб Шарифов, намояндаи порлумони Тоҷикистон баъд аз бемории кӯтоҳмуддат дар синни 52-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Дар соли 2005 оқои Шарифов ба муддати шаш сол раҳбарии Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистонро бар ӯҳда дошта ва дар се соли ахир намояндаи порлумони ин кишвар буд.
