Талоши Талко барои дастрасӣ ба маводди хоми ватанӣ
Дар назар аст, дар зарфи ду соли оянда корхонаҳои тавлиди криолит, фторити олюминий ва тезоби сулфат бунёд ва корхонаи Талко бо маводди хоми ватанӣ таъмин шавад.
Шералӣ Кабирӣ, як тан аз масъулони Корхонаи олюминиюми тоҷик ё Талко, рӯзи чоршанбеи 14 январ дар иҷлоси порлумон гуфт, сохтмони корхонаи тавлиди криолит ва фторити олюминий дар соли 2008 шурӯъ шуда, аммо ба далели камбуди сармоя ин корхона то ҳол мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирифтааст.
Тибқи мувофиқатномаи Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Чин, ки имрӯз дар иҷлоси порлумон тасвиб шуд, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар корхонаи кролит ва фторити олюминий 55 милюн дулор ва барои бунёди корхонаи тезоби сулфат 35 милюн дулор тахсис хоҳад шуд.
Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, феълан куллияи 26 намуди маводди хом барои тавлиди олюминиюм аз хориҷи кишвар ворид шуда ва танҳо нерӯи барқ аз маводи хоми ватанӣ дар Талко маҳсуб мешавад.
