Хидирова: “Дар низоми дунявӣ мавзӯъи “маҳр” матраҳ нест”

  • 26 Январ, 2015
ХидироваImage copyrightBBC World Service
Image caption Мағфират Хидирова гуфт, дар низоми дунявӣ мавзӯъи “маҳр” матраҳ нест

Раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон гуфт, пардохти маҳр ё маболиғи муайян ба ҳангоми никоҳ ба зан, ки дар кишварҳои исломӣ роиҷ аст, дар қавонини Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст.

Мағфират Хидирова рӯзи душанбеи 26 январ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, дар Кодекси “Оила”-и Тоҷикистон бастани аҳдномаи никоҳ барои атбоъи хориҷӣ ҳатмӣ шудааст.

Ҳамзамон, хонуми Хидирова таъкид кард, дар ҷараёни мулоқотҳо бо сокинони кишвар мавзӯъи пардохти маболиғи муайян ё маҳр ба зан ба ҳангоми никоҳ матраҳ шуда ва ин амр ба унвони таҳкими хонавода ва аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии хонаводаҳои ҷавон арзёбӣ шудааст.

Бино ба иттилоъи Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, дар соли гузашта аз ҷумлаи 95 ҳазору 478 никоҳ 9 ҳазору 132 талоқ сабт шудааст, ки дар муқоиса ба нишондоди соли 2013 ҳудуди 1000 адад бештар будааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар паёми худ ба порлумон дар авохири ҳафтаи гузашта аз афзоиши мизони талоқ ва фурӯпошии хонаводаҳо дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.

Мудохилаи падару модар ва хешовандон ба умури хонаводаи ҷавон, муҳоҷирати кории марду зан ба хориҷи кишвар, хушунат дар хонавода ва бемории яке аз ҳамсарон аз авомили фурӯпошии хонаводаҳо арзёбӣ шудааст.

Оқои Раҳмон, ба ниҳодҳои зирабт, аз ҷумла, Кумитаи занон ва оила дастур дод, то авомили афзоиши талоқро ҳамаҷониба таҳқиқ карда ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии хонаводаҳоро баррасӣ кунанд.

Ба эътиқоди коршиносон, имкон дорад аз тариқи ҷорӣ кардани пардохти маҳр ба зан ба ҳангоми никоҳ то андозае аз мавориди талоқ ҷилавгирӣ кард.

Ин коршиносон ба таҷрубаи кишварҳои исломӣ, бахусус, Эрон ишора кардаанд, мизони маҳр болиғ ба 50 ҳазор дулор буда, зан дар масрафи ин маболиғ озод аст.

Аз сӯйи дигар, дар сурати талоқ ин маблағ дар ихтиёри зан боқӣ монда ва ӯ ба ин васила мушкилоти зиндагии худро рафъ мекунад.

Коршиносон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар Тоҷикистон умдатан талоқ аз ҷониби мард сурат мегирад, ҷорӣ шудани пардохти маҳр бо маблағи ҳангуфт шавҳарро водор хоҳад кард, ки қабл аз чунин тасмим андеша кунад.

Вале масъулони Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон гуфтанд, дар чорчӯби қавонини ин кишвар мумкин аст тавассути ҳатмӣ шудани аҳдномаи никоҳ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ин мушкил ҳалл шавад.

Дар моҳи январи соли 2011 Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Кодекси “Оила” тағйирот ворид карда ва бастани аҳдномаи никоҳро барои атбоъи хориҷӣ, ки бо занону духтарони тоҷик издивоҷ мекунанд, ҳатмӣ кард.

Дар ин аҳднома “ба ҳуқуқу масъулияти зану шавҳар ба молу мулк, таъмини фарзанду ҳамсар бо манзили зист ва нигоҳубини ҳамсари маъюб” таъкид шудааст.

Тибқи иттилоъи Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар соли гузашта 193 бону тоҷик бо атбоъи хориҷӣ издивоҷ кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба нишондоди соли 2013 ҳаштоду ҳашт адад бештар будааст.

Матолиби муртабит