Кушта шудани 7 нафар аз занон дар сонеҳае дар ноҳияи Айнӣ

  • 30 Июн, 2014

Тибқи иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бар асари як сонеҳа дар ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар шимоли ин кишвар ҳафта нафар аз сокинони ин ноҳия кушта шудаанд.

Тибқи хабари сойтри расмии ин ниҳод, сонеҳа, соъати 11:00 вақти маҳаллии, рӯзи 26 июн рух дода ва афроди кушта шуда ҳамагӣ аз ҷумлаи занон буда ва ҷасади яке аз ин занон дар рӯдхонаи Зарафшон нопадид шудааст.

Пулис мегӯяд, сабаби ин сонеҳа, “аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани Акрамҷон Ҷӯраев, ронандаи он будааст, ки худаш бо ҷароҳоти шадид ба бемористони ноҳияи Айнӣ интиқол ёфтааст.

Дар миёни афроди кушта шуда як духтари ҳафтсола низ будааст, ки аз ӯ Шоҳонаи Ҷумаъгул ном гирифта шудааст.

Ин воқеъа дар наздикии ҷамоъати деҳоти “Исқобод”-и ноҳияи Айнӣ рух дода ва худрав аз роҳ ба рӯдхонаи Зарафшон сарозер мешавад.

Қаблан пулис аз сарозер шудани як худрави дигаре дар рӯдхонаи Варзоб ва кушта шудани шаш нафар, ки аксаран ноболиғон буданд дар он хабар дода буданд.