Боздошти се зани ҷавон барои сирқати худравҳо ва одамрубоӣ

  • 22 Январ, 2015
ДастбандҳоImage copyrightahrc
Image caption Дар Тоҷикистон се духтар барои сирқати худравҳо ва одамрубоӣ боздошт шудаанд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду зани ҷавон хабар додааст, ки дар сирқати худравҳо дар ин кишвар ва одамрабоӣ муттаҳаманд.

Тавре, ки дар вебсойти вазорати кишвар мехонем, пулис духтаронро барои сирқати худравҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав боздошт кардааст. Тибқи ин гузориш, ки рӯзи чаҳоршанбеи 21 январ пахш шуд, боздошти духтарон дар пайи амалиётит вижаи пулис анҷом гирифтааст.

Пулис Манзура Турсуноваи 35-соларо барои сирқати худрави тамғаи “Опел-Астра”, ки моликияти Мирзомуҳиддин Ғаффуров, сокини Душанбе будааст муттаҳам дониста, Наргис Ҳазратқулова, сокини шаҳри Душанберо дар дӯздии хувдрави тамғаи “Опел-Астра” муттаҳам кардааст.

Пулис мегӯяд, ки хонум Ҳазратқуловаи 20-сола ин худравро аз наздикии пули иртиботии роҳи Душанбе-Турсунзода дар ноҳияи Шаҳринав рабурдааст.

Кормандони интизомӣ дар робита ба ин воқеъаҳо парвандаи ҷиноиро тибқи моддаи 252-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне сирқати нақлиёт боз карда ва таҳқиқоти онро идома медиҳанд. Қонуни ҷазои Тоҷикистон барои даст задан ба ин ҷурм то се сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ин нахустин бор аст, кормандони интизомӣ дар мавриди даст задани духтарон ба сирқати худравҳо иттилоъ пахш мекунанд.

Дар ҳамин ҳол дар таҳаввули дигаре кормандони пулис аз боздошти як духтари 25-сола ба занни таҳқир, аъзият ва нигаҳдории иҷбории духтари дигари ҳамсинаш дар вилояти Хатлон хабар дода.

Бар асоси ин иттилоъ Миҷгона Латипова гесӯ ва абрувони Шабнам Юусуфоваро тарошида ва димоғу лабони ӯро бо миқроз буридааст. Афзун бар ин Миҷгона Шабнамро дар яке аз манозил ноҳияи Ёвон аз 16 то 18 январ иҷборан нигаҳ доштааст.

Шабнам Юусуфова бо кумаки кормандони пулиси ноҳия ахиран аз ин манзил озод шуда ва пулис дар робита ба ин воқеъа машғули таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ будааст.

Матолиби муртабит