Нигаронии пулис аз афзоиши ҷароим дар миёни навҷавонон дар Тоҷикистон
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли гузашта ҷиноят дар миёни ноболиғон дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.
Женерол Рамазон Раҳимзода, рӯзи ҷумъаи 16 январ дар нишаст матбӯъотии ин ниҳод гуфт, ки дар ин даврон аз сӯйи ноболиғони зери 18-сола 800 мавриди ҷароим содир шудааст.
Ӯ бо изҳрори нигаронӣ аз афзоиши мизони ҷароим дар миёни наврасон мегӯяд, ки ин омор дар муқоиса ба даврони мушобеҳ дар соли гузашта 75 маврид бештар будааст.
Оқои Раҳимзода мегӯяд, ки дар ин ҳол беш аз сӯйи сокинони ҷавон дар Тоҷикистон беш аз панҷ ҳазору 300 ҷиноят содир шудааст.
Ба гуфтаи вазири умури дохила ҳамчунин дар соли гузашта кормандони интизомӣ 36 нафар аз духтарони зери синни қонуниро дар даст задан ба танфурӯшӣ ифшо кардаанд.
Масъулони пулис мегӯянд, ки барои бозгардонидани ин духтарон аз роҳи фаҳшо бо волидон ва пайвандони онҳо ва ҳамчунин омӯзгорони макотиби ҳамагонӣ кор бурда мешавад.
