Қатли фаҷеъи як сокини ҷавон дар вилояти Суғд
Пулис аз боздошти як фард ба занни қатли фаҷеъи сокини 19-сола дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон хабар додааст.
Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 9 январ зимни пахши иттилоъ дар ин маврид менависад, ки Бадриддин Шаропови 43-сола ҷавонро бо истифода аз ноқили барқ хафа кардааст.
Ин воқеъа дар рустои мвсум ба Чоркӯҳи ноҳияи Исфара рух дода ва дар натиҷа Хизвалоҷон Басирҷонзода ҷони худро аз даст медиҳад. Ангезаи ин қатл даъво миёни ин ду сокини русто арзёбӣ шудааст.
Кормандони пулис дар ноҳияи Исфара дар робита ба ин воқеъа парвандаи ҷиноиро боз карда ва таҳқиқоти онро идома медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол кормандони пулис ҳамчунин аз боздошти як сокини ҷавони шаҳри Душанбе, ки дар нигоҳ доштани аслиҳаи ғайримуҷоз муттаҳам будааст, хабар додаанд. Кормандони интизомӣ аз ин ҷавони 18-сола таппончаи тамғаи "Макаров" ва гулӯлаҳои онро мусодира кардаанд.
