Боздошти як ҷавон ба занни амали зӯроварии шаҳвонӣ алайҳи ду писарбача
Пулис аз боздошти як ҷавон ба занни амалҳои зӯроварии шаҳвонӣ алайҳи ду писарбача дар ноҳияи Ҳисор, воқеъ дар 25 килуметрии ғарби шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хабар додааст.
Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 22 декабр навиштааст, ки ин ҷавони 18-сола дар зӯроварии шаҳвонӣ алайҳи ду писарбачаи 10 ва 9-сола муттаҳам будааст.
Таҳқиқоти парвандаи ҷиноии кормандони интизомӣ дар робита ба ин воқеъаҳо баъд аз овардани шикоят аз волидони ин ду кӯдак дар ин ноҳия оғоз шудааст.
Таҳқиқоти муқаддамоти муъайян кардааст, ки ҷавон ин кӯдаконро бо роҳи фиреб ба бинои фарсудаи мактаби деҳае дар ноҳияи Ҳисор бурда ва алайҳи онҳо зӯроварии шаҳвонӣ мекардааст.
