Боздошти як сокини вилояти Суғд ба занни қатли ҳамсари собиқаш

  • 21 Январ, 2015

Пулис аз боздошти як сокини вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон ба занни қатли зани собиқаш хабар додааст.

Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зимни пахши иттилоъ дар ин маврид менависад, ки ин мард бо истифода аз туфанги шикории тамғаи “ИЖ” ҳамсари қаблии худро куштааст.

Дар ин иттилоъи вазорат ҳуввияити ин афрод низ мушаххас шуда ва аз онҳо Насимҷон Ҷӯраев, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Назира Ҷӯраева, сокини шаҳри Қайроқум ном бурда шудааст.

Дар ҷузъиёти хабар омадааст, ки оқои Ҷӯраев, соъати 17:00 вақти маҳалии рӯзи 19 январи соли ҷорӣ ба манзили маскунии Назира, ҳамсари собиқаш омада ва ба сӯйи вай аз туфанг ду маротиба гулӯла (тир) шилик мекунад.

Дар ин натиҷаи ин воқеъа Назира ҷони худро аз даст медиҳад. Пулис мегӯяд, ки оқои Ҷӯраев дар гузашта тибқи модди 135 қонуни ҷазои Тоҷикистон, яъне тӯҳмат аз сӯйи додгоҳе маҳкум ба зиндон шудааст.

Кормандони пулисмегӯянд, ки дар соли 2014 дар Тоҷикистон беш аз 90 ҷурми қатл расманн сабт шудааст.