Боздошти як корманди дафтари асноди расмӣ барои ришвахорӣ
Пулис аз боздошти як корманди дафтари асноди расмӣ (натариюс) барои ришвахорӣ дар вилояти Хатлон, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилоъи торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбеи 8 январ пахш шудааст, ин корманд ҳангоме гирифтани се ҳазор сомонӣ (муъодили беш аз 500 дулор) дар дафтари кориаш боздошт шудааст.
Ҳамакнун алайҳи Абдураҳмон Нурматови 54-сола, корманди дафтари асноди (натариюс) ноҳияи Шаҳритус парвандаи ҷиноӣ барои ришвахорӣ боз шуда ва таҳқиқоти он идома доштааст.
Оқои Нурматов барои расмӣ кардани асноди барои соҳибкорӣ аз як сокини ин ноҳияи се ҳазор сомонӣ дархост кардааст.
