Чаҳор воқеъи қатл дар ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон

  • 29 Декабр, 2014
ДастбандҳоImage copyrightRIA Novosti
Image caption Кормандони пулис аз чаҳор мавриди қатл дар тӯли ҳафтаи гузашта дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон хабар додаанд

Кормандони пулис аз рух додани чаҳор мавриди қатл дар тӯли ҳафтаи гузашта дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон хабар додаанд, ки дар натиҷа чор нафар аз сокинони ин кишвар ҷонҳои худро аз даст додаанд.

Кормандони интизомӣ мегӯянд, ки яке аз ин воқеъаҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳумаи шаҳри Душанбе рух дода ва пулис як сокини ин ноҳияро ба занни қатли амузодааш боздошт кардааст.

Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 29 декабр зимни пахши иттилоъ дар ин маврид менависад, ки Ҷалолиддин Айматови 23-сола бо писари амакаш даъво карда ва ӯро шадидан лату кӯб кардааст.

Ин воқеъа рӯзи 26 декабр дар теппаи наздик ба рустои мавсум ба Бурмаи ноҳия рух дода ва дар натиҷа Сироҷиддин Айматови 23-сола аз ҷароҳоти сангин ҷони худро аз даст додааст.

Комрандони пулис мегӯянд, ки ҳарфанд Ҷалолиддин Айматов баъд аз лату кӯби амузодааш аз ҷои воқеъа фирор мекунад, аммо баъд аз чанд муддат пулис ӯро боздошт кардааст.

Ҳамчунин кормандони вазорати умури дохила мегӯянд, ки рӯзи 27 декабр воқеъи дигари куштор дар вилояти Хатлон рух додааст, ки сабаби он низ муноқиша ва луту кӯби як сокини ноҳияи Кӯлоб будааст.

Дар иттлоъи торнамои ин вазорат омадааст, ки пулис Ёдгор Файзуллоеви 44-соларо боздошт кардааст, ки дар қатли як сокини солманди рустои Лангари ноҳияи Муъминобод муттаҳам будааст.

Оқои Файзуллоев, ки маълули гурӯҳи дуввум будаст, Икром Набиеви 78-соларо шадидан лату кӯб мекунад ва дар натиҷаи ин марди мусин ҷони худро аз даст додааст.

Яке дигар аз ҳодисаҳоги қатл дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар як даргирии дастаҷамъӣ рух медиҳад, ки дар натиҷаи он як сокини ин ноҳияи кушта шуда ва сокини дигар дар бемористон бистарӣ мешавад.

Пулис дар робита ба ин воқеъа чор нафар аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғаффуровро, ки ду нафар аз онҳо дар гузашта зиндонӣ шуда будаанд, боздошт кардааст.

Ҳамчунин кормандони интизомӣ дар авоили ҳафтаи гузашта як сокини шаҳри Душанберо, ки дар ҳолати мастӣ сокини дигареро ба қатл расонидааст, боздошт кардаанд.

Дар робита ба ин ҳаводис кормандони бахши пулис парвандаҳои ҷиноро боз карда ва таҳқиқоти онҳоро идома медиҳанд. Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои содир кардани ҷурми қатл аз 12 то 15 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Матолиби муртабит