Боздошти як навҷавон ба занни таҷовуз ба духтаре 9-сола
Пулиси Тоҷикистон аз боздошти як фарди зери синни қонунӣ ба занни таҷовуз ба номуси духтаре 9-сола дар водии Рашт дар шарқи ин кишвар хабар дод.
Тибқи иттилоъи торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, боздошти ин сокини 15-солаи Рашт дар пайи шикояти падари духтар аз ин воқеъа сурат гирифтааст.
Пулис мегӯяд, ки дар робита бо ин воқеъа тибқи моддаи 138-и қонуни кайфарии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ ба иттиҳоми таҷовуз ба номус боз карда ва таҳқиқи онро идома медиҳад.
Таҳқиқи муқаддамотии ин воқеъа ҳокист, ки ин навҷавон духтари 9-соларо ба харобазоре бурда ва ба номусаш таҷовуз кардааст. Қонуни ҷазои Тоҷикистон барои иртикоби ин ҷурм аз се то ҳафт сол маҳкумият ба зиндонро пешбинӣ кардааст.
