Боздошти як сокини Суғд ба занни қатли писарамӯяш

  • 18 Декабр, 2014

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки як сокини ноҳияи Истравшани вилояти Суғдро ба занни қатл боздошт кардаанд.

Тибқи иттилоъи торнамои ин ниҳод, ки рӯзи панҷшанбеи 18 декабр пахш шуд, ин марди 36-сола ба қатли писарамӯи худ пас аз даъвое бо ӯ муттаҳам аст.

Лутфулло Исмоъилов муттаҳам шуда, ки дар чойхонаи мавсум ба “Помир” бо се зарби чоқу Шералӣ Қушоқови 30-соларо аз ноҳияи гардан захмӣ карда ва ӯ дар роҳ ба бемористон ҷони худро аз даст додааст.

Дар ҳамин ҳол, кормандони вазорати умури дохила ҳамчунин аз боздошти як сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба занни талош барои қатли як ҳамкораш хабар додаанд.

Муҳаммад Тағоеи 30-сола муттаҳам шуда, ки бо истофода аз чоқу як ҳамкори 54-солаи худро шадидан захмӣ кардааст.