Боздошти як зан ба гумони кулоҳбардорӣ аз тоҷире эронӣ

  • 17 Декабр, 2014

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе ба занни тақаллуб ё кулоҳбардорӣ хабар додаанд.

Торнамои ин ниҳод рӯзи чаҳоршанбеи 17 декабр зимни пахши иттилоъ дар ин бора навишт, ки ин мавриди кулоҳбардорӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахти Тоҷикистон рух додааст.

Пулис як зани 41-солаи тоҷикро баъд аз дарёфти шикояти Алиризои Аҳмад, як тоҷири эронӣ, боздошт кардааст. Ин зани тоҷик муттаҳам шуда, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ аз ин шаҳрванди эронӣ маҳсулоте ба маблағи беш аз 72 ҳазор сомонӣ (муъодили ҳудуди 15 ҳазор дулор) дарёфт карда ва пули онро напардохтааст.

Таҳқиқи муқаддамотии пулис ҳокист, ки ин хонум аз як тоҷири тоҷик низ ба маблағи 24 ҳазор сомонӣ (беш аз чаҳор ҳазор дулор) коло гирифта ва маблағи онро напардохтааст.

Пулис ҳамчунин як боздошти як сокини дигари шаҳри Душанберо ба занни тақаллуб хабар додааст.

Дар ин хабар омада, ки ин марди муттаҳам ба тақаллуб аз як сокини дигари шаҳри Душанбе мадраки манзилашро гирифта ва бо ин мадрак аз як бонк ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ё муъодили 100 ҳазор дулор вом дарёфт кардааст.