Афзоиши 40 дарсадии воридоти нафт ба Тоҷикистон дар соли 2014
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони Идораи гумруки Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли 2014 мизони маҳсулоти нафтии вурудӣ ба Тоҷикистон дар муқоиса ба даврони мушобеҳ дар соли 2013 беш аз 40 дарсад афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи онҳо ҳудуди 90 дарсади маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия ворид шудааст.
Нуриддин Маҳмадов, муъовини ин идора, рӯзи чаҳоршанбеи 14 январ дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод гуфт: “Яке аз сабабҳои афзоиши мизони маводди нафтии воридотӣ ба Тоҷикистон, имзои созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи татбиқ нашудани боҷи содиротӣ (бидуни аворизи гумрукӣ) аз вуруди маҳсулоти нафтӣ миёни ин кишварҳо аст.”
Ӯ афзуд, дар маҷмӯъ дар соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 570 ҳазор тун маводди сӯхтӣ ба маблағи 5 милюну 700 ҳазор дулор ворид шудааст. Оқои Маҳмадов афзуд, ки аз ин миқдор беш аз 246 ҳазор тунро бензин ташкил медиҳанд.
Масъулони идораи гумрук мегӯянд, ки Қазоқистон дар ворид кардани маводди нафтӣ ба Тоҷикистон ҷойгоҳи дуввумро ба худ ихтисос дода ва Туркманистон низ дар соли гузашта ҳудуди се дарсади маводди нафтиро ба ин кишвар ворид кардааст.
Дар соли гузшта мизони бензини воридшуда ба Тоҷикистон дар муқоиса бо соли 2013 ҳудуди панҷоҳ дарсад афзоишро нишон додааст.
Дар моҳи июни соли 2010 Русия дар содироти маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон аворизи гумрукӣ ҷорӣ кард, ки ба дунболи он қимати як литр бензин дар Тоҷикистон 30-40 дарсад боло рафт. Далели ин тасмими Русия ин буд, ки Тоҷикистон узви иттиҳодияи гумрукӣ набудааст.
Аммо дар авоили соли 2013 миёни Тоҷикистону Русия дар заминаи ҳамкорӣ дар бахши содироти маҳсулоти нафтӣ мувофиқатнома имзо карданд, ки тибқи он аворизи вурудӣ аз ин маҳсулот лағв шуд.
Он замон коршиносон бо таъкид ба ин созишнома ҳадс мезаданд, ки иҷрои ин санад мунҷар ба коҳиши қобили мулоҳизаи қимати маводди сӯхтӣ, аз ҷумла бензин дар Тоҷикистон хоҳад шуд.
Аммо бо ин вуҷуд, дар ҳоли ҳозир арзиши як литр бензини навъи А-95 ба шаш сомонӣ ва шаст дирам расидааст. Панҷ соли қабл ин навъи маводди сӯхтӣ дар Тоҷикистон се сомониву 90 дирамро ташкил медод.
