Мусодираи беш аз панҷу ним тун шираи камол дар марз
Image copyrightBBC World ServiceКормандони Идораи гумруки Тоҷикистон аз кушиши интиқоли миқдори зиёди шираи камол ба хориҷ аз ин кишвар дар вилояти Хатлон ҷилавгирӣ кардаанд.
Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии ин ниҳод ҳафтаи гузашта дар постгоҳи мавсум ба Кокул дар ноҳияи Фархор, воқеъ дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон як комюни ҳомили беш аз панҷ ҳазору 500 килугром шираи камолро боздошт карданд.
Нурулло Шарипов, сухангӯйи ин дафтар, рӯзи душанбеи 12 январ ба Би-би-сӣ гуфт: “Ҳамчунин дар ин комюн дар баробари шираи камол беш аз ҳудуди як ҳазору 300 килугром байзаи камол низ будааст.”
Оқои Шарипов гуфт, ки дар робита ба ин воқеъ кормандони гумруки вилояти Хатлон тибқи модди 234-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне қатъи ғайриқонунии дарахтҳо ва буттаҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқоти онро идома медиҳанд.
Таҳқиқоти муқаддамотии парванда собит кардааст, ки ин маводдро Рустам Содиқов, сокини шаҳри душанбе ҷамъоварӣ карда ва қасди интиқоли он ба Афғонистонро кардааст.
Бозрасии кормандони гумруки вилояти Хатлон мушаххас карда, ки оқои Содиқов ин миқдор маводдро дар қаламрави ин вилоят ҷамъоварӣ карда қасд доштааст, онро дар Афғонистон ба фӯруш бирасонад ва аз ин амал маблағи ҳангуфт ба даст орад.
Ҷамъоварӣ ва содироти шираи камол ба хориҷи кишвар дар соли 2008 бо фармонивижи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Гуфта мешавад ба далели ҷамъоварии ғайриқонунии шираи камол аз сӯйи ширкатҳои дохилию хориҷӣ хатари аз байн рафтани ин гиёҳи дорӯйӣ дар ҷануби Тоҷикистон ба миён омадааст.
Камол аз растаниҳои шифобахш ё тиббӣ буда ва дар ҷаҳон 190 навъи ин гиёҳ сабт шудааст ва 37 навъи он дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон мерӯяд.
Ин гиёҳ дар феҳристи растаниҳои нодир дар Китоби Сурх шомил шуда ва шираи решаи он дар дорусозӣ ба кор меравад.
Бо таваҷҷуҳ ба он ки дар Тоҷикистон корхонаҳои дорусозӣ зиёд вуҷуд надоранд шираи камол умдатан ба унвони маводди хом ба Ҳинд содир мешавад.
Қаблан камол дар кишвари ҳамсояи Афғонистон парвариш мешуд, вале дар асари истифодаи густарда аз он дар бахши дорусозӣ, ин навъи растанӣ дар ин кишвар зоҳиран ба нобудӣ расидааст.
