Интиқоли ғайримуҷози асъори хориҷӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони Идораи гумруки Тоҷикистон аз боздошти як сокини ин кишвар ба занни интиқоли ғайримуҷози асъори хориҷӣ аз Тоҷикистон ба Чин хабар додаанд.
Бар асоси иттилоъи дафтари матбӯъотии ин ниҳод, ҳафтаи гузашта Амирҷон Собиров, як соҳибкори тоҷик кӯшиш кардааст, ки 172 ҳазору 987 дулорро ба шаҳри Урумчии Чин интиқол диҳад.
Нурулло Шарипов, сухангӯи ин идора рӯзи душанбеи 15 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, ки оқои Собиров бо ин маблағ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шудааст.
Вай афзуд: “Ин соҳибкори тоҷик мехост бо ҳавопаймо ба шаҳри Урумчӣ парвоз кунад, аммо кормандони кумита ҳагоми расидагӣ ба бағоҷи ӯ аз дохили он ин маблағи ҳангуфтро пайдо карданд.”
Кормандони идора дар робита ба ин воқеъа парвандаи ҷиноӣ боз карда ва дар ҳоли таҳқиқоти он ҳастанд.
Дар соли ҷорӣ ин нахустин бор аст, ки кормандони интизомӣ як сокинро барои кушиш ғайримуҷози интиқоли маблағи ҳангуфте, аз ҷумла дулор ба хориҷи аз ин кишвар боздошт мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи қавонини мавҷуда дар Тоҷикистон маблағи беш аз 10 ҳазор асъори хориҷӣ танҳо тавассути бонкҳо ба хориҷ аз ин кишвар интиқол меёбанд.
Иттилоъ дар мавриди боздошти ин соҳибкор барои кӯшиши интиқоли маблағи зиёди асъори хориҷӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ дар ҳоле пахш мешавад, ки дар як ҳафтаи ахир дар ин кишвар уфти назарраси пули миллӣ дар баробари асъори хориҷӣ сабт шудааст.
Тайи ду ҳафтаи ахир арзиши сомонӣ, пулии миллии Тоҷикистон дар баробари арзҳои хориҷӣ, аз ҷумла дулор, ба таври чашмгире пойин рафтааст.
Дар бархе аз саррофиҳои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, арзиши як дулор аз 5,45 то ба 5,60 сомонӣ расидааст.
Бархе аз саррофон дар пойтахт мегӯянд, ки иллати ин амр коҳиши вуруди дулор ба Тоҷикистон будааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулони Идораи гумруки Тоҷикистон ҳамчунин се мавриди фурӯши ғайримуҷози маводди оташбозиро ошкор ва аз қочоқчиёни он беш аз 25 ҳазор адади ин маводдро мусодира кардаанд. Фурӯш ва интиқоли ин мавод аз соли 1997 дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст.
