Боздошти се сокини ноҳияи Ваҳдат ба занни роҳзанӣ ва сирқат
Пулис аз боздошти се сокини ҷавони ноҳияи Ваҳдат, воқеъ дар 30 килуметрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба занни роҳзанӣ ва сирқат хабар додааст.
Ҳамчунин ин афрод дар расонидани зарарӣ ҷисмонӣ ба як сокини дигари ин ноҳия муттаҳам шудаанд.
Тибқи иттилоъи торнмаои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, соъати 04:00 вақти маҳаллии рӯзи 5 декабр, афроди номаълум бо истифода аз оҳан ба сари Шарифбек Мирзошарифов, сокини 33-солаи ноҳияи Ваҳдат зарба зада, сармоя ва телефони ҳамроҳи ӯро ба сирқат бурдаанд.
Дар пайи ин воқеъа кормандони пулис амалиёти вижае анҷом дода ва дар натиҷаи он Мирзобиддин Абдулмаҷидзода, Алишер Муросоев ва Ҳикматулло Шарифовро дар содир кардани ин ҷурм боздошт кардаанд.
Кормандони пулис мегӯянд, ки далели шаъйи аз ин ҷавонон дарёфт шуда ва пулис парвандаи ҷиноӣ дар робита ба роҳзанӣ ва сирқатро дар қиболи ин афрод боз кардааст.
