Коҳиши чашмгири баҳои сомонӣ дар баробари дулор дар Тоҷикистон

  • 15 Октябр, 2014
Саррофӣ дар ДушанбеImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар саррофиҳои шаҳри Душанбе имрӯз баҳои дулор аз 5,15 дар ду рӯз қабл то 5,19 сомонӣ расид

Барои бори дувум дар ду ҳафтаи ахир баҳои пулии миллии Тоҷикистон дар баробари арзҳои хориҷӣ, аз ҷумла дулор, ба таври чашмгире пойин рафтааст.

Бар асоси додаҳои торнамои Бонки миллии Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 15 октябр пахш шуд, баҳои як дулор дар баробари сомонӣ дар ин рӯз 4,9952-ро ташкил медиҳад.

Аммо дар дуконҳои саррофӣ дар шаҳри Душанбе имрӯз баҳои дулор аз 5,15 (ду рӯз қабл) то ба 5,19 сомонӣ расид.

Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон боло рафтани баҳои дулор дар баробари сомониро ҳанӯз шарҳ надодаанд. Аммо бархе аз саррофон дар хиёбони Рӯдакӣ, дар маркази шаҳри Душанбе, мегӯянд, ки сабаби аслии коҳиши баҳои сомонӣ "камчин будани" дулор дар Тоҷикистон аст.

Аз сӯйи дигар, бархе аз коршиносон мегӯянд, ки тасҳили рафтуомад ба бархе аз кишварҳо, ки тоҷирон ба он ҷоҳо сафар мекунанд, аз ҷумла Чин, мунҷар ба афзоиши тақозо ба дулор шудааст.

Иддае дигар аз иқтисоддонҳо мегӯянд, ки таниши байни Русия ва Ғарб бар сари буҳрони Укройн ва таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия, ки мунҷар ба коҳиши баҳои рубли русӣ дар баробари дулор шуда, низ ба уфти қобили таваҷҷуҳи баҳои сомонӣ дар баробари дулор мунҷар шудааст.

Ин дар ҳолест, ки мизони интиқоли пул аз сӯйи муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар танзими баҳои сомонӣ дар баробари дулор нақши бузурге доштааст.

Аммо тибқи гузоришҳои расмӣ, дар соли ҷорӣ беш аз 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ ё ба он ҷо мамнӯъулвуруд шудаанд, ки ин амр, ба гуфтаи коршиносон, имкон дорад дар мизони сармояи интиқолии муҳоҷирон дар соли ҷорӣ таъсир гузорад.

Бекорӣ, фақр ва фасоди густарда садҳо ҳазор нафар аз атбоъи Тоҷикистонро маҷбур карда, ки ҳамасола барои дарёфти кор ва таъмини рӯзгори хонаводаҳояшон ба Русия раванд.

Беш аз як милюн муҳоҷири тоҷик дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд. Бар асоси иттилоъи Бонки марказии Русия, дар соли 2013 муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба хонаводаҳои худ беш аз 4 милёрду 173 милюн дулор аз тариқи бонкҳо интиқол додаанд.

Бештари муҳоҷирон бо рубли Русия сару кор доранд ва аз тариқи бонкҳо маъмулан рубл мефиристанд, аммо гуфта мешавад, ки бахши қобили мулоҳизае ҳам ба хонаводаҳои худ дулор мефиристоданд. Аммо дар пайи таҳримҳои Омрико алайҳи Русия муъомила бо дулор дар он кишвар душвор шудааст.

Таъсири ин таҳримҳо дар иқтисоди Русия низ андак набуда ва пешбинӣ мешавад, ки муҳоҷирони хориҷӣ имсол дар он кишвар бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Ин нигаронӣ низ вуҷуд дорад, ки коҳиши мизони интиқоли сармоя аз хориҷ ба Тоҷикистон ба боло рафтани қимати колоҳо ва маводди ғизоӣ дар бозорҳои ин кишвар мунҷар хоҳад шуд.

Матолиби муртабит