Талошҳои Бонки миллӣ барои коҳиши баҳои дулор
Бонки миллии Тоҷикистон аз коҳиши арзиши дулори омрикоӣ дар баробари сомонӣ, пули миллии ин кишвар хабар додааст.
Аммо ин бонк ташреҳ надодааст, ки аз кадом роҳ ба ҳамчунин амал муваффақ шудааст.
Бино ба иттилоъи сойти “nbt.tj” қимати 1 дулори омрикоӣ ба 4 сомонию 93 дирам баробар буда ва баҳои дулор дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ё арзи хориҷӣ дар рӯзҳои таътил собит будааст.
Ин манбаъ гуфтааст, баҳои сомонӣ дар баробари юру ва рубли Русия чандон тағйире накардааст.
Дар ҳамин ҳол, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ё арзи хориҷӣ дар шаҳри Душанбе дулор ба қимати 4 сомонию 93 харидорӣ шуда, аммо аз фурӯши дулор бо баҳои 4 сомонию 95 дирами эъломшуда худдорӣ мекунанд.
Як корманди нуқтаи мубодилаи асъор, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, арзиши воқеъии дулор беш аз 5 сомонӣ буда ва ӯ ҳозир нест бо арзиши поин дулорро ба фурӯш расонад.
