Иқтисод дар соли 2013: Як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо?

Бо вуҷуди ин ки дар соли ҷорӣ рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳафт дарсадро ташкил дода ва арзиши сомонӣ, пули миллии ин кишвар дар баробари арзи хориҷӣ собит боқӣ монда, аммо ҳамчунон мушкилоти иқтисодӣ зиёд аст ва тарҳҳои бузурги иқтисодӣ иҷро нашудаанд.
Бино ба натиҷагирии коршиносони Бонки Тавсеъаи Осиёӣ, то ҳол вазъи иқтисоди Тоҷикистон ба пулҳои интиқолӣ аз муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ вобаста буда, бахши саноеъ ва кишоварзии ин кишвар тавсеъаи чандоне надоштааст. Мизони таваррум низ дар соли ҷорӣ 7,5 дарсадро ташкил додааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли гузашта беш аз як дарсад афзоишро нишон медиҳад.
Фақру бекорӣ, коҳиши тавлидоти олуминиюм ва маҳсули панба ва афзоиши бесобиқаи мизони воридот бар содирот аз ҷумлаи мушкилоте маҳсуб мешаванд, ки иктисоди Тоҷикистонро осебпазир кардаанд.
Камбуди гоз, афзоиши тавлиди ангишт
Дар пайи қатъи интиқоли гози табиъӣ аз Узбакистон корхонаи олуминиюми Тоҷикистон, Талко, ва корхонаи симони Душанберо дар оғози соли ҷорӣ бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ шуданд.
Дар ҳоле ки Талко моҳи апрел бо ҷойгузини гози табиъӣ сохтани ангишт ин мушкилро то андозае ҳал кард, вале корхонаи бузурги симони шаҳри Душанбе ба далели камбуди гоз аз фаъъолият бозмонд.
Ҳамакнун масъулони корхонаи симон бо мусоъидати мутахассисони чинӣ таҷҳизоти корхонаро барои истифода аз ангишт мутобиқ мекунанд.
Қатъи комили гози Узбакистон мақомоти Тоҷикистонро водор кард, ки сӯхти корхонаҳои санъатии кишварро иваз кунанд. Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, ҳудуди 90 дарсади корхонаҳои санъатии вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон ва иддаи зиёде аз корхонаҳо дар манотиқи дигар ҳоло бо истифода аз ангишт фаъъолият мекунанд.
Дар натиҷа, дар соли ҷорӣ тавлиди ангишт дар Тоҷикистон ба беш аз 500 ҳазор тун расидааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 100 ҳазор тун бештар аст.
Ҷалби ширкатҳои Фаронсаю Чин ба истихроҷи нафту гоз
Ширкатҳои “Total SA”-и Фаронса ва “China National Petroleum Corporation (CNPC)”-и Чин дар манотиқи ҷануби Тоҷикистон ба истихроҷи нафту гоз машғул хоҳанд шуд.
Рӯзи 18 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, Бо Чилян, раиси ширкати CNPC, Майкл Боррел, муъовини раиси ширкати “Total SA” дар Урупо ва Осиёи Марказӣ ва Дэвид Робсон, раиси ширкати “Tethys Petroleum Limited” дар ин замина қарордодеро имзо карданд.
Ҳамакнун ширкатҳои “Total SA” ва “China National Petroleum Corporation (CNPC)” бо ширкати “Kulob Petroleum” “Ширкати Амалиётии Бохтар”-ро созмон дода, тарҳҳои иктишоф ва истихроҷи маъодини нафту гозро дар майдони 35 ҳазор килуметри мураббаъ дар ноҳияи Бохтар, дар ҷануби Тоҷикистон, рӯйи даст хоҳанд гирифт.
Дар баёнияи ширкати “Tethys Petroleum Limited” омадааст, давлати Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар 1186,37 килуметри мураббаъи майдонро дар ихтиёри ин ширкат гузошта ва муддати фаъъолияти онро то соли 2020 тамдид кардааст.
Зимнан дар моҳи июли соли гузашта ин ширкатҳои Фаронсаю Чин мутаносибан 33 дарсадии саҳоми ширкати “Kulob Petroleum”-ро харидорӣ карда буданд.
Дар тобистони соли гузашта ширкати “Tethys Petroleum” зимни интишори як баёния аз кашфи захоири бузурги нафту гоз дар ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла, захоири 27 милёрд бушкаи нафт ва миқдори зиёди гоз хабар дод.
Ширкати “Total SA”-и Фаронса қасд дорад дар ҷануби Тоҷикистон таваҷҷуҳи аслиро ба иктишоф ва истихроҷи гоз мутамаркиз карда ва дар сурати дастёбӣ ба истихроҷи захоири бузург ин гозро аз тариқи бунёди лӯлаҳо ба Чин содир кунад.
“Талко” варшикаста мешавад?
Ба дунболи пойин рафтани қимати маҳсули олуминиюм дар бозори ҷаҳонӣ ва шикояти ширкати “Русал”-и Русия ба додгоҳи Суис аз “Талко Менеҷмент” барои пардохти 275 милюн дулор вазъи иқтисодии ширкати “Талко” душвор шудааст.
Гуфта мешавад, дар соли 2003 ширкати “Русал” ба корхонаи “Талко” маводди хом ворид карда ва корхонаи олюминиюми Тоҷикистон аз ширкати русӣ ба миқдори 260 милюн дулор бидеҳкор аст. Додгоҳи Суис корхонаи “Талко”-ро муваззаф кардааст, то ин маблағро ба ширкти “Русал” пардохт кунад.
Аз сӯйи дигар, масъулони “Талко” дар як нишасти хабарӣ дар ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки дар соли ҷорӣ ба далели коҳиши қимати олуминиюм дар бозори ҷаҳонӣ ин корхона тавлидоташро 20 дарсад коҳиш додааст.
Шералӣ Кабиров, раиси бахши молии “Талко” гуфт, ки бо вуҷуди мушкилоти ҷиддии молӣ мавзӯъи фурӯш ё хусусисозии ин корхона матраҳ нест, зеро он дар иқтисоди Тоҷикистон ҷойгоҳи вижа дорад.
Зимнан, дар соли ҷорӣ саҳми корхонаи “Талко” дар бахши содиротии Тоҷикистон 36 дарсадро ташкил дода ва 70 дарсади воридоти арзии ин кишварро низ “Талко” таъмин кардааст.
The Economist: “Тарҳи Роғун хаёлпарастона аст”
Маҷаллаи иқтисодии "Экунумист" (The Economist), чопи Бритониё, дар матлабе дар моҳи июли соли ҷорӣ тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистонро тарҳе "хаёлпарастона" ва "фиребанда" хонд.
Ба навиштаи ин нашрия, барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ҳазинаи ҳангуфте лозим аст, ки иқтисоди заифи Тоҷикистон наметавонад батанҳоӣ ин тарҳро сармоягузорӣ кунад.
Ҳамзамон, The Economist навиштааст: "Аз ду панҷуми ҳаҷми энержи обии Тоҷикистон ба корхонаи олуминиюми "Талко" мунтақил мешавад. Ҳар сол "Талко" садҳо милюн дулор даромад дорад, ки ба ширкате козиб дар ҷазоири Вирҷин равона мешавад. Оқои Раҳмон шахсан "Талко"-ро сарпарастӣ мекунад. Чаро ӯ аз ин пул барои бунёди сад истифода намекунад?"
Аз сӯйи дигар, ба навиштаи нашрия, Бонки Ҷаҳонӣ мутолеъаи тарҳи нерӯгоҳи Роғунро ба уҳда гирифта ва то ҳол натоиҷи он эълом нашудааст.
Дар пайи шурӯъи ин мутолеъот дар моҳи майи соли гузашта корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун мутаваққиф шуда ва беш аз 3 ҳазор коргар мураххас шуданд.
Тоҷикистон, ки ҳамасола дар фасли сармо ба камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ мешавад, бунёди ин нерӯгоҳро, ки бо садди 335 метр дар рудхонаи Вахши Тоҷикистон эҳдос шуда ва тавоноиаш 3600 меговотт хоҳад буд, аз роҳҳои аслии ҳалли мушкили камбуди барқ дар кишвар арзёбӣ кардааст.
Тарҳи бунёди нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон бо мухолифати шадиди Ӯзбакистон рӯбарӯ шуда ва ба сардӣ гароидани равобити миёни ин ду кишвар мунҷар шудааст.
Ӯзбакистон иддаъо дорад, ки бунёди нерӯгоҳи Роғун бо баландтарин садд дар ҷаҳон ба муҳити зисти минтақаи Осиёи Марказӣ асари номатлуб гузошта ва дар заминаи дастрасии сокинони митақа ба об маҳдудиятҳо эҷод хоҳад шуд. Аммо давлати Тоҷикистон ин иддаъоро бепоя хондааст.
Таҳримҳои Омрико алайҳи ширкатҳои Бобаки Занҷонӣ
Дар авосити моҳи апрели соли ҷорӣ Вазорати дороии Омрико аз ворид шудани исми Бобаки Занҷонӣ ба феҳристи таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон хабар дод.
Ин бозаргони эронӣ дар Тоҷикистон ширкатҳое дошта ва “Ҳолдинг Контгруп Тоҷикистон” аз ҷумлаи онҳост.
Бонки "Kont Investment" дар Тоҷикистон низ, ки муасиссаш як ширкати туркӣ будааст, ба Бобак Занҷонӣ таъаллуқ доштааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулони "Холдинг Контгрупп Тоҷикистон" ба Би-би-сӣ гуфта буданд, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ як нафари дигар муассиси ин ширкат шуда ва акнун Бобак Занҷонӣ ба ин ширкат иртиботе надорад ва раҳбарии "Kont Investment"-ро як ширкати туркии мавсум ба “Конггрупп-В Кант-касметик” бар ӯҳда гирифтааст.
Вазорати дороии Омрико эълом дошт, ки сармояҳои шабакаи бонкҳои марбут ба Бобаки Занҷониро ба иттиҳоми давр задани таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон блук кардааст.
"Kont Investment" тавассути ширкати "Ҳолдинг КантГруп Тоҷикистон" барои корҳои тармиму бозсозии Саристгоҳи шаҳри Душанбе 140 милюн сомонӣ масраф карда ва ширкати “Осиё Экспресс” низ, ки порлумони Тоҷикистон барои вуруди утубусу худравҳо ин ширкатро аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ муъоф карда, тавассути ин бонк фаъъолият кардаанд.
Бинобар иттилоъияи Вазорати дороии Омрико, Бобак Муртазо Занҷонӣ, тоҷири эронӣ, Бонки Аввали Сармоягузории Исломии Байналмилалӣ (FIIB) мустақар дар Молезӣ ва шабакае аз ширкатҳои байналмилалӣ ба феҳристи таҳримҳои Омрико изофа шудаанд.
Бобак Занҷонӣ ва муассисаҳои муртабит бо ӯ ба пулшӯӣ барои давр задани таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон муттаҳам шудаанд.
Бобаки Занҷонӣ, ки ба гуфтаи худаш молики бештар аз 60 ширкат дар кишварҳои мухталиф аст, чаҳор моҳ пеш аз сӯйи Иттиҳодияи Урупо низ таҳрим шуда буд.
Бобаки Занҷонӣ, ки ба мақомоти Тоҷикистон наздик аст, рӯзи душанбеи 30 декабр дар Эрон дастгир шуд. Ӯ ба ҳангоми бозгушоии Саристгоҳи шаҳри Душанбе , ки бо сармояи ширкатҳои мутааллиқ ба ӯ бозсозӣ шуд, дар паҳлуи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон қарор дошт.
Тасовире аз ӯ ба ҳамроҳии мақомоти баландпояи Тоҷикистон дар шабакаи интернет мунташир шудааст ва гуфта мешавад ӯ шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳам касб карда будааст.
Ҳоло мушаххас нест, ки ҳамкориҳои ин тоҷири қудратманд ва баҳсбарангези эронӣ ба ҷуз аз суди иқтисодӣ барои Тоҷикистон ва мақомоти он чӣ судҳои дигарро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Талошҳо барои бурунрафт аз бунбасти иртибототӣ
Рӯзи 20 марти соли ҷорӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Ҳомид Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон, руасои ҷумҳурии Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Ишқобод дар заминаи бунёди роҳи оҳан миёни ин се кишвар ёддошти тафоҳумро имзо карда буданд.
Тибқи ин санад ин роҳи оҳан дар зарфи ду соли оянда бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Бад ин тартиб, Тоҷикистон талош мекунад тавассути бунёди роҳи оҳан, ки аз ҳудуди Ӯзбакистон убур намекунад, аз вобастагии ин кишвар дар ҳамлу нақли коло ва мусофирон тавассути роҳи оҳани он раҳоӣ ёбад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд дар солҳои ахир Ӯзбакистон дар роҳи убури мурури қаторҳои Тоҷикистон тавассути хоки ин кишвар мавонеъи зиёд эҷод карда, вогунҳои бории Тоҷикистон ба далоили мухталиф ба муддатҳои тӯлонӣ мутаваққиф мешуданд.
Аз сӯйи дигар, дар пайи инфиҷоре дар пули иртиботӣ дар хатти роҳи оҳан дар вилояти Сурхондарё дар ҷануби Ӯзбакистон ҳаракати қаторҳо ба вилояти Хатлони Тоҷикистон қатъ гардид.
Дар ҳамин ҳол, бунёди роҳи оҳани масири шаҳрҳои Ваҳдат ва Ёвон, ки бидуни ворид шудан ба ҳудуди Ӯзбакистон Душанберо ба манотиқи ҷануби Тоҷикистон мепайвандад, ба кундӣ пеш меравад.
Масъулони ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” гуфтанд, ки барои бунёди тунелҳо ва пулҳои иртиботӣ дар роҳи оҳани масири Ваҳдат-Ёвон ба сармояи хориҷӣ ниёз вуҷуд дорад.
Асадулло Зойиров, раиси корхонаи “Роҳсоз”, ки иҷрои ин тарҳро ба ӯҳда дорад, гуфт, то ҳол барои корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳ ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” 152 милюн сомонӣ ё беш аз 30 милюн дулори омрикоӣ сармоя тахсис дода ва дар қисмати шаҳри Ваҳдат 5 килуметр ва дар самти шаҳри Ёвон танҳо 450 метр роҳ эҳдос шудааст.
Бар асоси мустанадоти фаннию молӣ барои иҷрои тарҳи роҳи оҳани “Ваҳдат-Ёвон” 129 милюн дулор пешбинӣ шудааст.
Эҳдоси ин роҳ дар 19 марти соли 2009 шурӯъ шуда ва интизор мерафт, дар соли 2014 ин роҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Аммо ба далели камбуди вуҷӯҳи молӣ корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳ ба таъвиқ афтодааст.
Зимнан, рӯзи якуми октябри соли ҷорӣ тунели "Чормағзак" дар масири Душанбе-Кӯлоб, ки ҳудуди 4,5 килуметр тӯл дорад, фаъъол шуд.
Системи рӯшноӣ ва поксозии ҳаво дар дохили тунели "Чормағзак" тавассути компютерҳо танзим мешавад. Сохтмони ин тунелро ширкати чинии "China Road" анҷом додааст.
Гуфта мешавад, ки баъд аз мавриди истифода қарор додани ин тунел тӯли масири Душанбе-Кӯлоб дар муқоиса бо роҳи Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ҳудуди 100 километр коҳиш ёфтааст.
Сохтмони ин тунел дар чорчӯби бозсозии ҷоддаи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара анҷом шудааст. Барои иҷрои ин тарҳ ва сохтмони тунели "Чормағзак" 630 милюн сомонӣ ё муъодили 143 милюн дулор масраф шудааст.
Омори пулҳои муҳоҷирони корӣ махфӣ шуд?
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ дар моҳи июли соли ҷорӣ гуфт, ба далели тобиши сиёсӣ наёфтан аз додани иттилоъ дар бораи маболиғи муҳоҷирони кории тоҷик, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба ватан интиқол мешавад, худдорӣ мекунад.
Аммо Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, давлати ин кишвар барои сиррӣ сохтани мизони маболиғи муҳоҷирони корӣ дастуре содир накардааст.
Ба гуфтаи ӯ, имкони махфӣ доштани ин маълумот вуҷуд надорад, зеро агар ҷониби Тоҷикистон эълом накард, Бонки Русия ҳар моҳ ин маълумотро чоп хоҳад кард.
Зимнан, Шариф Раҳимзода гуфт, бархе аз нерӯҳо аз арқоми маболиғи интиқолӣ ба Тоҷикистон ҳамчун василаи паст задани эътибори Тоҷикистон истифода мекунанд.
Бино ба иттилоъи Идораи муҳоҷирати Русия беш аз 1 милюн тан аз атбоъи Тоҷикистон барои дарёфти кор дар ин кишвар ба сар мебаранд. Аммо Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ҳудуди 700 ҳазор нафар гуфтааст.
Тибқи иттилоъи Бонки марказии Русия, дар соли гузашта аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар ин кишвар фаъолият мекунанд, ба ватан ба миқдори 3,8 милёрд дулор сармоя ворид шуда, ки ин рақам дар муқоиса ба нишондоди соли 2011 бист дарсад бештар будааст.
Ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, ин маболиғи интиқолӣ аз муҳоҷирони кории тоҷик баробари 47 дарсади тавлидоти нохолиси дохилии Тоҷикистон аст.
Дурнамои иқтисоди Тоҷикистон
Коршиносони созмонҳои байналмилалии молӣ пешбинӣ кардаанд, то 20 дарсад коҳиш ёфтани сатҳи рушди иқтисоди Русия дар соли оянда метавонад дар вазъи иқтисоди Тоҷикистон асар гузорад.
Зеро бахши умдаи иқтисоди Тоҷикистонро маболиғи муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳад, ки умдатан дар Русия фаъъолият мекунанд.
Давлати Усмон, коршиноси мустақил ва вазири собиқи иқтисоди Тоҷикистон низ мегӯяд, ки рушди иқтисод дар Тоҷикистон ба пулҳои интиқолии муҳоҷирон бастагӣ дошта ва аксари кулли корхонаҳои хусусӣ ба ҳисоби ин маболиғ бунёд шудаанд.
Ба гуфтаи оқои Усмон, ин амр то ҳадде ба коҳиши сатҳи бекорию фақр ва боло рафтани мизони ҷамъоварии молиёт дар Тоҷикистон мусоъидат кардааст.
Ба эътиқоди коршиносон, хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар соли оянда дар канори вазъияти амниятӣ ба бахши иқтисоди Тоҷикистон, бахусус, ҷалби саромяи хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар асари номатлуб хоҳад гузошт.
Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки захоири арзӣ ва тилои ин кишвар барои муқобала бо буҳронҳои эҳтимолии молӣ кифоят намекунад.
Тибқи иттилоъи ин бонк, захоири арзӣ ва тилои Тоҷикистон 1,1 милёрд дулор буда, аз ин миқдор 11 тунро тило ташкил додааст. Бахше аз ин захоир дар Бонки миллии Тоҷикистон ва бахши дигар дар бонкҳои Олмон ва Суис нигаҳдорӣ мешаванд.
Ба гуфтаи Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллӣ, барои муқобала бо чолишҳои эҳтимолии молӣ ҳадди ақал ин захоир бояд ба ҳаҷми семоҳаи воридот баробар бошад. Аммо ҳоло мизони захоири арзу тило муъодили ҳаҷми маболиғи думоҳаи воридот аст.
Ин дар ҳолест, ки мизони содирот дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли гузашта ҳудуди 10 дарсад коҳиш ёфта ва бахши воридоти Тоҷикистон дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли гузашта 9,1 дарсад афзоиш пайдо кардааст.Мизони воридот нисбат ба содирот 3 баробар бештар будааст.
Абдуҷаббор Ширинов, раиси ин бонк, дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар рӯзи 13 ноябри соли ҷорӣ, ба ҳангоми гузориш аз ҷараёни иҷрои “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ” далели коҳиши қобили мулоҳизаи содиротро ба поин рафтани арзиши олуминиюм ва панба - колоҳои аслии содиротии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ марбут хонд.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Ширинов ба иллати камбуди гози табиъӣ аз фаъъолият бозмондани корхонаи сементи Душанбе воридоти семент аз хориҷ баякбор афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин гузориш шуд, ки дар соли ҷорӣ вуруди худравҳо ба Тоҷикистон ва судури онҳо аз тариқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигар (реэкспорт) афзоиш ёфта ва ин амр низ дар болоравии мизони воридот асар гузоштааст.
Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ умдатан олуминиюм, нахи панба, меваю сабзиҷот ва маҳсулоти кишоварзӣ содир карда ва аз кишварҳои дигар маводди сӯхтӣ, гандуму орд, чӯб, филизоти сиёҳ, гилхок барои корхонаи "Талко" ва таҷҳизоти фаннӣ ворид мекунад.
Дар соли 2013 созмонҳои муътабари байналмилалӣ, ки ба баррасии вазъи иқтисодии ҷаҳон машғул ҳастанд, мизони фасод дар бахши иқтисоди Тоҷикистонро боло хонда ва гуфтаанд мизони иқтисоди сояӣ дар ин кишвар боло боқӣ мондааст.
Ин созмонҳо ҳамчунин ба вуҷуди мавонеъ барои пешрафти фаъъолиятҳои бахши хусусӣ таъкид кардаанд.
