'Қочоқи маводди ҳастаӣ аз Тоҷикистон то ҳол рух надодааст'

  • 29 Август, 2013
Саломов
Image caption Оқои Саломов гуфт, ки то ҳол мавориди қочоқи маводди ҳастаӣ аз дохили Тоҷикистон ба мушоҳида нарасидааст

Масъулони Ожонси амнияти ҳастаӣ ва родиюоктиви Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мегӯянд, ки то ҳол мавориди қочоқи маводди ҳастаӣ аз дохили ин кишвар ба мушоҳида нарасидааст.

Абдуҷаббор Саломов, муъовини раиси ин ожонс, рӯзи панҷшанбеи 29 август ба Би-би-сӣ гуфт, ки хатари дастрасии қочоқбарон ба маводди ҳастаӣ дар махзани ҳастаӣ дар ноҳияи Файзобод, дар 45-килуметрии шарқи шаҳри Душанбе, Маркази амрози саратон дар шаҳри Душанбе ва Гаммаозмоишгоҳҳо дар Донишгоҳи миллии ин кишвар вуҷуд дорад.

Аммо ба гуфтаи ӯ, махзани ҳастаӣ дар Файзобод ҷиддан ҳифозат шуда, атрофи он тавассути деворҳои баланду симхор амн шуда ва аз ҷониби посбонони мусаллаҳи низомӣ муроқибат мешавад.

Ҳамчунин, дар ин махзан 16 дурбини назоратӣ насб шуда ва ба таври шабонарӯзӣ махзани маводди ҳастаӣ назорат мешавад.

Чунин тадобири амниятӣ дар Маркази амрози саратон ва озмоишгоҳи Донишгоҳи миллӣ низ рӯйи даст гирифта шуда ва имкони дастрасӣ ба маводди ҳастаӣ, аз ҷумла, плутоний, тақрибан ғайримумкин аст.

Ҳамзамон Абдуҷаббор Саломов гуфт, ки дар гузашта дар посгоҳҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя ҳаводиси қочоқи маводди ҳастаӣ ошкор ва омилон боздошт шуда буданд.

Аммо оқои Саломов аз шарҳи ҷузъиёти ин ҳаводис, ки дар кадом посгоҳҳои марзӣ иттифоқ афтода ва афроди қочоқбар атбоъи кадом кишвар буданд, худдорӣ кард.

Бино ба иттилоъи манобеъи Ожонси амнияти ҳастаӣ ва родиюоктиви Тоҷикистон, дар солҳои 2006, 2007 ва 2010 Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар дар ҳамкорӣ бо ин ожонс аз се мавриди қочоқи маводди ҳастаӣ ва родиюоктив ҷилавгирӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ин маводди мусодирашуда то ҳол дар махзани ҳастаӣ дар ноҳияи Файзобод, дар шарқи Тоҷикистон, муваққатан нигаҳдорӣ мешаванд.

Ҳамакнун Тоҷикистон бо Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ (МАГАТЭ) мавзӯъи интиқоли ин мавод ба пажӯҳишгоҳи родиюоктив дар Олмонро баррасӣ мекунад. Ин пажӯҳишгоҳ мушаххас хоҳад кард, ки маводди ҳастаӣ дар корхонаи кадом кишвар тавлид шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи манобеъи Сафорати Омрико дар шаҳри Душанбе, рӯзҳои 27-28 августи соли ҷорӣ ҳайъати Вазорати хориҷа ва коршиносони умури ҳастаии Омрико бо масъулони Ожонси амнияти ҳастаӣ ва родиюоктиви Тоҷикистон ва ниҳодҳои зирабти ин кишвар мавзӯъи муборизаи муштарак алайҳи қочоқи маводди ҳастаиро баррасӣ кардаанд.

Ин ҳамкориҳо дар заминаи ҷилавгирӣ, кашф ва вокуниш ба талошҳои эҳтимолӣ барои қочоқи маводди ҳастаӣ ва родиюоктив аз моҳи январи соли 2007 шурӯъ шудааст.

Ҷониби Омрико мукарраран таъкид доштааст, ки Тоҷикистон дар муқобала бо қочоқи маводди ҳастаӣ аз зарфиятҳои кофӣ бархурдор набуда ва дар ин замина ба кумакҳои фаннии Омрико ниёз дорад.

Илҳом Мирсаидов, раиси бахши равобити байналмилалии Ожонси амнияти ҳастаӣ ва родиюоктиви Тоҷикистон, низ, ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, гуфт, ки муҷаҳҳаз набудани посгоҳҳои марзии Тоҷикистон бо таҷҳизоти назорати маводди ҳастаӣ ин кишварро дар баробари хатари қочоқи маводди ҳастаӣ ва родиюоктив осебпазир кардааст.

Оқои Мирсаидов гуфт, ки ҳамакнун Омрико ба Тоҷикистон 4 озмоишгоҳи сайёр ва таҷҳизоти мудерни назорати маводди ҳастаӣ эҳдо карда ва қарор аст дар моҳи октябри соли ҷорӣ ин таҷҳизоти фаннӣ ба ниҳодҳои марзбонӣ ва гумруки Тоҷикистон ироа дода шавад.

Дар шаҳри Душанбе давраи омӯзишӣ барои ҷилавгирӣ аз дастрасии теруристҳо ва қочоқчиён ба маводди хатарноки ҳастаӣ ва ташаъшӯъӣ ифтитоҳ шуд.

Зимнан, дар моҳи октябри соли гузашта ба ибтикори Барномаи муқобала бо гардиши ғайриқонунии маводди ҳастаӣ ва родиюоктив (PNSP) ва Вазорати хориҷаи Омрико дар Душанбе давраи омӯзишӣ барои ҷилавгирӣ аз дастрасии теруристҳо ва қочоқчиён ба маводди хатарноки ҳастаӣ ва ташаъшӯъӣ баргузор шуда буд.

Ҳамчунин, гурӯҳе аз коршиносони омрикоӣ ба донишмандону намояндагони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон наҳваи ошкору хунсо сохтани маводди ҳастаӣ ва родиюоктив дар дохил ва марзҳои ин кишварро омӯзиш додаанд.

Матолиби муртабит