Маъмурони гумруки Тоҷикистон шеваҳои ташхиси мошинҳои рабудашударо омӯхтанд

  • 29 Ноябр, 2013

Дар як давраи омӯзишӣ 15 афсари Идораи гумруки Тоҷикистон шеваҳои шиносоии мошинҳои рабудашударо, ки вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд, омӯхтаанд.

Ду мураббии утришӣ тайи чанд рӯз барои кормандони гумрук дар Душанбе наҳваи шиносоии мошинҳои рабудашуда, ташхиси шумораҳои аслият (VIN-коди) утумубилҳо ва ё чигунагии тағйири соли тавлиди мошинҳо аз ҷониби қочоқчиёни мошинро омӯзиш дидаанд.

Абдураҳими Умариён, сухангӯйи Идораи гумруки Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар ҷараёни омӯзиш кормандони гумрук дониш ва маҳорати худро дар манотиқи марзии “Дустӣ” дар ноҳияи Қумсангир ва дар гузаргоҳи марзии Турсунзода дар амал санҷидаанд.

Ин давраи омӯзиширо Барномаи мусоъидат ба мудирияти марзҳо дар Осиёи Марказӣ таҳти унвони “БОМКА” бо ҳимояти молии Иттиҳодияи Урупо ва Барномаи Тавсеъаи СММ баргузор кардааст.

Намояндаҳои барномаи БОМКА дар Тоҷикистон, ки аз мубтакирони баргузории ин барнома ҳастанд, мегӯянд, ки ҳадафи аслии ин барнома кумак ба таҳкими амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоъидат ба тавсеъаи тиҷорат ва тронзити қонунӣ ва коҳиши вуруди колоҳои ғайриқонунӣ аз марзҳои давлатӣ аст.