Афзоиши мавориди нақзи қонуни танзими маросим дар Тоҷикистон
Дар моҳи январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 57 мавриди нақзи қонуни танзими маросим ошкор ва сабт шудааст.
Тибқи иттилоъи як манбаъ дар Кумитаи дин ва танзими маросим дар Тоҷикистон, ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 29 маврид бештар будааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар вилояти Суғд 22 маврид, дар вилояти Хатлон 12, дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ 16 ва дар шаҳри Душанбе 6 мавриди нақзи қонуни танзими маросим сабт шудааст.
Ин манбаъ афзуд, ки дар 11 мавриди нақзи қонун парвандаҳои идорӣ таҳия шуда ва 3 нафар аз масъулони тарабхонаҳо, 2 фарди бекор, ду донишҷӯ, як овозхон ва як тан аз раисони маҳалла, як муҳосиб ва як муҳоҷир танбеҳ шудаанд.
Ҷузъиёти дигари ин омор ироа нашуда ва мушаххас нест, ки нақзи қонуни танзим аз сӯйи ин афрод чӣ гуна сурат гирифтааст.
Зимнан, қонуни танзими маросим дар Тоҷикистон соли 2006 тасвиб шуда ва ҳамасола мақомот аз сарфаҷӯии садҳо милюн сомонии мардум дар ин тадобир гузориш медиҳанд.
Ин қонун баргузории маросим дар Тоҷикистонро маҳдуд карда ва теъдоди меҳмононро коҳиш додааст.
