Кабирӣ: 'Баёнияи кормандони Фарҳангистон бо Қонуни асосӣ муғойир аст'
Image copyrightBBC World ServiceРаҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) баёнияи интиқодии гурӯҳе аз пажӯҳишгарону донишмандони Фарҳангистони улуми ин кишвар дар бораи ин ҳизбро “муғойир бо Қонуни асосӣ ва дур аз мафкураи илмӣ” арзёбӣ кардааст.
Муҳиддин Кабирӣ, ки рӯзи чаҳоршанбеи 3 декабр дар толори Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, ки дар назар аст, имрӯз Шӯрои сиёсии ҲНИТ ин мавзӯъро баррасӣ кунад ва дар мавриди иқдоми баъдии худ дар ин замина тасмим бигирад.
Ҳамзамон, оқои Кабирӣ таъкид кард, ки ӯ аз тасмими шикоят кардан алайҳи ин гурӯҳ аз кормандони Фарҳангистони улум ба додгоҳ пуштибонӣ намекунад, зеро “ба хотири афроди тасодуфӣ, ки аз номи академикҳо ва донишмандони ин ниҳод ҳарфҳои муғойир бо Қонуни асосӣ ва дур аз мафкураи илмиро гуфтаанд, ба додгоҳ кашидани Фарҳангистон хуб нест.”
Рӯзи гузашта гурӯҳе аз кормандони "Маркази омӯзиши равaндҳои муъосир ва оянданигарии илмӣ", як ниҳоди вобаста ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, зимни интишори як баёния гуфтаанд, ки масъулияти пахши матолиби интиқодии мутаъаллиқ ба ин марказро дар бораи ҳизби наҳзати исломӣ ба уҳда гирифта ва ин ҳизбро барои ҷомеъаи ин кишвар хатарофарин медонанд.
Ба гуфтаи масъулони ин марказ, матолиби интиқодие, ки онҳо дар бораи ҲНИТ нивиштаанд, бо зикри номи муаллиф ва марказ мунташир шудаанд ва онҳо масъулияти матолиберо, ки бо номҳои мустаъор ё бидуни ном дар матбӯъоти расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоъӣ интишор ёфтаанд, ба уҳда надоранд.
Бо ин ҳол, дар баёнияи ин марказ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ҷунбиши Толибони Афғонистон ва гурӯҳи мавсум ба "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия дар як сатҳ қарор дода шудааст ва муаллифон хостори “аз байн бурдани” ин ҳизб шудаанд.
Дар баёния омадааст: "Ин ҳизб бояд барвақт аз фазои сиёсии Тоҷикистон ва ҷомеъаи тоҷик барканор мешуд, аммо бо шиъори озодии анархистона (ҳарҷумарҷгароёна) ва бесарусомони демократигуна боқӣ мондааст. Аммо ҷомеъаи тоҷик бояд тасмим гирад, ки чунин чеҳраҳои ифротгар ва тавтиаангезро ҳар чӣ зудтар аз фазои сиёсӣ берун созад, зеро бо ҲНИТ миллати тоҷик дар оянда наметавонад, як қадам ба пеш равад."
Ҳамчунин, ин гурӯҳи донишмандон ҲНИТ-ро ба "фазосозии ғайримиллӣ, ғайридунявӣ ва ғайриилмӣ" муттаҳам карда ва гуфтаанд, ки омода ҳастанд барои ин ҳарфҳои худ дар додгоҳ посух гӯянд.
Дар ҳамин ҳол, Суҳроб Шарифов, раиси пешини Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон ва намояндаи порлумон, иддиъои гурӯҳе аз кормандони Маркази омӯзиши равaндҳои муъосир ва оянданигарии илмии Фарҳангистони улум мабнӣ бар хатарофарин будани ҲНИТ барои ҷомеъаи ин кишварро бепоя хонд.
Оқои Шарифов гуфт, ки ҲНИТ як ҳизби қонунӣ дар Тоҷикистон буда, дар чорчӯби Қонуни асосӣ ва қавонини ин кишвар фаъъолияти худро пеш мебарад. Масъалаи бастани ҳизб ба худи аъзои он вобаста аст, ки дар чорчӯби ойинномаи ҳизб анҷом хоҳад шуд.
Ӯ гуфт: "Одатан донишмандон дар ҷаҳони мавҳумот (абстраксия) қарор дошта ва биниши онҳо аз воқеъият ва ҳаёт дур аст. Онҳо дар мафкураи назариявӣ зиндагӣ карда ва баъзан тахайюлотро воқеъият мепиндоранд. Ин хост ва орзуи онҳост. Аммо воқеъият дигар аст. Тасмимро дар ин замина ниҳодҳои дигар мегиранд, ки фаъъолияти аҳзобро дар доираи қавонини ин кишвар назорат мекунанд."
Зимнан, масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтанд, ки бо вуҷуди фишорҳо бар ин ҳизб корҳои тадорукотӣ барои ширкати ҲНИТ дар интихоботи порлумонии соли ояндаи ин кишвар оғоз шудааст.
Ҳамзамон, ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди муроҷиъаи ҲНИТ ба шаҳрдории Душанбе ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷудо кардани бино барои баргузории анҷумани ин ҳизб ҳал нашуда ва ҳамакнун ҳизби наҳзати исломӣ дар садад аст, ки ҳамоиши қабл аз интихоботи худро дар ситоди ҳизб баргузор кунад.
