Кормандони 'Тоҷик Эйр' маъоши семоҳаи худро дарёфт карданд
Image copyrightBBC World ServiceРаиси фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, ки тоза риёсати ширкати "Тоҷик Эйр"-ро низ ба уҳда гирифт, мегӯяд, ки кормандони ин ширкат маъоши семоҳаи худро дарёфт кардаанд.
Ҳарчанд Рустам Холиқов нагуфт, ки ин маблағро аз куҷо фароҳам карда, вале афзуд, ки кормандони ширкати "Тоҷик Эйр" се моҳ боз ҳуқуқи моҳонаи худро дарёфт накарда буданд ва ӯ дар чаҳор рӯзи раҳбарияш маъоши онҳоро пардохт кардааст.
Оқои Холиқов дар нишасти матбӯъотии масъулони ин фурӯдгоҳ, ки рӯзи ҷумъаи 25 июл доир шуд, гуфт: "Чаҳор рӯз ин муддати хеле кӯтоҳ аст, аммо ин арса барои мо ошно аст. Ва аз ин рӯ аввалин иқдоми мо барои ширкат пардохти маъоши семоҳаи кормандони ин арса буд, ки дар тӯли ин замон ширкат ба онҳо бидеҳкор буд."
Оқои Холиқов мегӯяд, дувумин иқдоми ӯ барои ин ширкат он аст, ки тасмим гирифтааст минбаъд тамоми парвозҳои “Тоҷик Эйр” бидуни фурӯд омадан дар кишварҳои дигар дар васати масирашон ба таври мустақим то расидан ба мақсади ниҳоӣ анҷом шаванд.
Вай афзуд: "Ҳоло мо гуфта метавонем, ки парвоз бо ҳавопаймоҳои ширкати саҳомии “Тоҷик Эйр” ҳеҷ мушкиле надоранд ва амнияти парвоз низ таъмин аст."
Чаҳор рӯз қабл Фирӯз Ҳамроев, мудири кулли ин ширкат, аз симати худ барканор ва Рустам Холиқов, раиси фурӯдгоҳи Душанбе, ба ин симат мансуб шуд.
Барканории оқои Ҳамроев рӯзи сешанбеи 21 июл билофосила пас аз суханронияш дар нишасти хабарие дар бораи фаъъолияти шашмоҳаи ширкати “Тоҷик Эйр” сурат гирифт.
Вай дар ин нишаст гуфт, ки ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, “Тоҷик Эйр”, дар ин муддат 793 парвоз ба шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон анҷом дода, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2013 ҳашт дарсад камтар аст.
Оқои Ҳамроев ҳамчунин аз вазорати таробарии Тоҷикистон интиқод кард, ки масирҳои парвози "Тоҷик Эйр"-ро ба ширкати рақибаш "Сомон Эйр" ихтисос додааст. "Сомон Эйр" як ширкати таҳти кунтрули Ҳасани Асадуллоҳзода, раиси "Ориёнбонк" ва бародарзани раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки мақомоти Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба коҳиши парвозҳои "Тоҷик Эйр" ва дучори мушкилоти молӣ шудани он тасмим гирифтанд, ки раҳбарии онро ба дӯши оқои Холиқов вогузор кунанд, ҳарчанд ба гуфтаи онҳо, эҳтимоли иқдоми талофиҷӯёна алайҳи оқои Ҳамроев низ баъид нест.
Ба гуфтаи раиси ҷадиди ширкати "Тоҷик Эйр", бидеҳии ин ширкат ба фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе болиғ бар 74 милюн сомониро ташкил медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки тамоми талошашро хоҳад кард, то хадамоти ин ширкатро беҳбуд бахшад ва онро ба яке аз ширкатҳои хуби ҳавопаймоӣ табдил диҳад.
Оқои Холиқов мегӯяд, ки барои аз миён бурдани вомҳои ширкат аз будҷеи фурӯдгоҳи Душанбе истифода нахоҳад шуд: "Мо бояд дар мудирияти ин ширкат ва хадамоти он таҷдидт назар кунем. Ҳамчунин, бар даромад ва баромади сармоя назорат мекунем. Вале таъмини молии як ширкат аз ширкати дигар нахоҳад шуд."
Вай ба ин суол, ки оё дар оянда тағйироти кодрӣ дар ширкати “Тоҷик Эйр”анҷом хоҳад шуд ё хайр, гуфт, ки ҳоло ду ширкат комилан ба ҳам напайвастаанд ва ин масъала дар оянда баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин, Рустам Холиқов мегӯяд, ки тасмим дар мавриди фаъъолияти муштарак ё ҷудогонаи фурӯдгоҳи Душанбе ва ширкати “Тоҷик Эйр” низ дар ҳоли баррасӣ аст.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи раҳбари фурӯдгоҳи Душанбе, ба эҳтимоли зиёд баъд аз мушаххас шудани наҳваи фаъъолияти ин ду ширкат ҳудуди 30 дарсад аз кормандон мураххас хоҳанд шуд.
