Лағви парвозҳо дар фурӯдгоҳи Душанбе ба далели лағзиши хатарнок дар бонди парвоз
Image copyrightBBC World ServiceБарфу тунбоди шадиди се рӯзи ахир фурӯд ва парвози тамоми ҳавопаймоҳо дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанберо аз дирӯз лағв кард.
Масъулони ин фурӯдгоҳ мегӯянд, ки лағзиши беш аз меъёр дар танҳо бонди парвози (хатти парвоз) фурӯдгоҳ имкони пазироии ҳавопаймоҳоро дар ин замон надодааст.
Тавре, ки Рустам Холиқов, раиси фурӯдгоҳ, рӯзи душанбеи 3 феврал гуфт, ба далели бориши барф ва меҳ ва хатароти ношӣ аз сонеҳа дар ин хатти парвоз онҳо маҷбур ҳастанд, ки парвозҳоро лағв кунанд.
Оқои Холиқов афзуд: “Бо фароҳам шудани шароити муносиб, мо тибқи қаблӣ ба пазироӣ ва парвози ҳавопаймҳо оғоз мекунем.”
Дар ҳамин ҳол бар асоси иттилоъи дафтари матбӯъотии фурӯдгоҳ, баъд аз зӯҳри рӯзи 3 феврал, баъд аз ду рӯзи таълиқи парвозҳо, ҳавопаймоҳо ба самти Маскав, Алмато ва Хуҷанд парвозашонро оғоз кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, беш аз панҷ ҳавопаймои ширкатҳои мухталифие, ки бояд дар ин ду рӯз ба фурӯдгоҳи Душанбе фурӯд меомаданд, дар шаҳрҳои Хуҷани вилояти Суғд ва Самарқанди Узбакистон интизори омода шудани танҳо бонди парвози фурӯдгоҳи Душанбе буданд.
Масъулони ин фурӯдгоҳ мегӯянд, ки ин бонди парвоз имкони пазироӣ ва парвози ҳавопаймоҳоеро, ки ҳоло ба Душанбе мусофиронро интиқол медиҳанд, доранд ва танҳо дар сурати афзоиши миқдори парвозҳо ба ин фурӯдгоҳ, онҳо метавонанд, бонди дуввуми парвозро дар фурӯдгоҳ бунёд кунад.
Бо ин вуҷуд гаҳ гоҳе ба сабаби сардӣ ва ё гармии шадидан дар Тоҷикистон, дар ин бонди парвоз мушкилоте сар мезананд, ки мунҷар ба лағви парвозҳо мешаванд.
Дар бинои фурӯдгоҳ мусофирони зиёде интизори эъломи оғози парвозҳо буданд. Ин бино, ки барои таҷаммӯъи афроде зиёде пешбинӣ нашудааст, зоҳиран хеле шулуғ ба назар мерасид ва барои аксари мусофирон ҷои нишаст низ намерасид.
Бархе аз занон бо кӯдакони кучулӯ дар рӯи бағоҷҳои худ дар замин менишастанд ва ҳаво дар дохили бинои интизории фурӯдгоҳ ба таври қобили таваҷҷӯ ғализ буд. Бо ин вуҷуд кам касе аз мусофирон ба берун аз ин бино мебаромаданд, зеро ҳаво шадидан сард буд ва барф меборид.
Саврӣ, яке аз мусофирон мегӯяд, ки аз дирӯз боз мунтазири эъломи парвози ҳавопаймои масири Душанбе-Маскави Русия аст.
Вай мегӯяд: “Ба мо гуфтанд, ки ҳаво вайрон аст ва ҳавопаймо парвоз намекунад. Хуб аст, ки манзили мо наздик аст, шаб он ҷо рафтем ва ҳоло мунтазири эъломи парвоз ҳастем.”
Вале яке дигар аз мусофирон мегӯяд, ки вай маълул аст ва манзили ӯ дар минтақаи дур аз шаҳри Душанбе воқеъ гирифтааст. Ӯ мегӯяд: “Ман дар ин ду рӯз ҷоеро намеёбам, ки ҳадди ақал як ду соъат он ҷо бишинам. Барои мо маълулон ҳеҷ шароите дар ин фурӯдгоҳ мавҷуд нест.”
Аммо масъулони фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, ки бо мавриди истифодабарӣ қарор гирифтани терминоли ҷадиди фурӯдгоҳ, ки ҳудудан беш аз 50 дар сади бунёдаш ба охир расидааст, тамоми мушкилоти мавҷуда барои мусофирон ҳаллу фасл хоҳад шуд.
Бунёди ин терминол дар соли 2009 оғоз ёфта буд ва он замон ширкатҳои фаронсавии "Alpha Airport" ва "Sofema Group" ба бунёди терминоли ҷадиди фурӯдгоҳ шурӯъ карда буданд. Интизор мерафт то моҳи сентябри соли 2011 ин терминол мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Аммо ба далели боло рафтани қимати таҷҳизот ин ширкатҳо хостори афзоиши мизони сармоя барои бунёди терминол шудаанд, аммо ҷониби Тоҷикистон ин дархостро напазируфтааст.
Сипас дар соли 2012 Фаронса беш аз 20 милюн юруро ихтисос дод ва ҳазинаи бунёди ин терминол низ то 39 милюн юру афзоиш ёфта ва 19 милюн юруи дигарро ширкати "Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе" барои сохтани ин терминод ихтисос дод. Қарор аст, ки то авохири соли ҷорӣ ин терминол оғоз ба фаъъолият кунад.
Субҳи имрӯз дар фурӯдгоҳ эълом шуд, ки бархе аз парвозҳо ба далели бад будани ҳаво ба рӯзи баъдӣ ба тавиқ гузошта шудаанд ва бархе аз мусофирон толори биноро тарк кардаад.
Дар ҳамин ҳол мошинҳои вижаи поксозӣ машғули тоза кардани танҳо бонди парвози фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе буданд.
