'Ширкатҳои дохилӣ ба фурӯдгоҳи Душанбе бидеҳкоранд'

Масъулони фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе мегӯянд, ки ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон аз ин фурӯдгоҳ ҳудуди 81 милюн сомонӣ, ки муъодили беш аз 17 милюн дулор аст, бидеҳкор ҳастанд.
Ба гуфтаи раиси ин фурӯдгоҳ, танҳо ширкати ҳавопаймоии "ТоҷикЭйр" барои ироаи хадамоти мухталифи ин фурӯдгоҳ, аз ҷумла бахши ҳидояти (навигация) парвози ҳавопаймоҳо беш аз 55 милюн сомонӣ ба фурӯдгоҳ қарздор будааст.
Рустам Холиқов рӯзи панҷшанбеи 25 июл дар нишасте матбӯъотӣ гуфт, ки сармояи боқимонда аз 81 милюн сомонӣ воми ширкати ҳавопаймоии хусусии "СомонЭйр" аст.
Оқои Холиқов мегӯяд, ки ҳарчанд онҳо аз ҳисоби фурӯдгоҳ аз ин маблағ молиётро ба давлат пардохт кардаанд, аммо онҳо ба хотири тавсеъаи ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ замони бештареро дар ихтиёри масъулони ин ширкатҳо барои бозпас додани ин вомҳо гузоштаанд.
Вай афзуд: "Хадамоти мо барои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ бо панҷоҳ дарсади имтиёз сурат мегирад. Масалан, ширкати "СомонЭйр" барои ҷалби муштариён чанд адад ҳавопаймои ҷадид ва мутобиқи истондордҳои байналмилалиро харидорӣ кард. Мо алоқаманд ҳастем, ки ин ширкат тавонад имрӯзҳо мусофирони бештареро барои сафар бо ҳавопаймоҳи ҷадидаш ҷалб кунад."
Оқои Холиқов афзуд, ки даромади аслии фурӯдгоҳ аз ҳисоби ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои хориҷӣ ба даст меояд.
Ӯ мегӯяд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ фурӯдгоҳ аз ироаи хадамот ба ширкатҳо беш аз 60 милюн сомонӣ, ки панҷоҳ дарсади он барои бунёди терминоли ҷадид масраф шудааст, ба даст овардааст.
Масъулони фурӯдгоҳ мегӯянд, ки ахиран шеваи ироаи хадамот барои мусофирон дар ин фурӯдгоҳ низ дар муқоиса бо солҳои пеш ба таври қобили мулоҳизае беҳбуд ёфтаааст.
Дар ҳамин ҳол, иддае аз мусофироне, ки субҳи имрӯз аз шаҳри Маскав, пойтахти Русия, бо ҳавопаймо ба фурӯдгоҳи Душанбе омаданд, аз бархе аз мушкилоти мавҷуд дар солуни пазироии ин фурӯдгоҳ гилоя карданд.
Амриддин яке аз ин мусофирон буд. Вай мегӯяд, ки се моҳ дар Тоҷикистон набудааст, вале ба назари ӯ, хадамот дар фурӯдгоҳ тағйири назаррасе накардааст.
Вай афзуд: "Замоне ки аз кишварҳои дигар вориди фурӯдгоҳи Душанбе мешавӣ, бибахшед, вале ин ҷо чунон касиф аст, ки ба назаратон мисли он аст, ки ба оғиле ворид мешавӣ, менамояд. Яъне раҳбарони ин муассиса бояд қабл аз ҳама ба покизагии қаламрави фурӯдгоҳ таваҷҷуҳ кунанд."
Ҳамчунин, ба гуфтаи Амриддин, мусофирон бештари вақти худро дар замони расидагӣ ба билетҳо ва гузарномаҳо ҳам дар замони парвоз ва ҳам дар замони бозгашт дар фурӯдгоҳи Душанбе дар муқоиса бо кишварҳои дигар талаф медиҳанд.
Ба гуфтаи ин мусофир, муъомилаи бархе аз кормандони ин фурӯдгоҳ, бавижа марзбонон, кормандони гумрук ва пулис, бо мусофирон низ ниёз ба беҳбудӣ дорад.
Ин дар ҳолест, ки масъулони фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе мегӯянд, ки бо оғози истифода аз терминоли ҷадид дар авохири соли 2014 ироаи хадамот барои мусофирон дар ин фурӯдгоҳ сад дарсад мутобиқ бо истондордҳои байналмилалӣ сурат хоҳад гирифт.
Бунёди ин терминол бо маблағи давлати Тоҷикистон ва кишвари Фаронса дар моҳи январи соли ҷорӣ оғоз ёфтааст.
