Фурӯдгоҳи Қӯрғонтеппа 200 ҳазор сомонӣ бидеҳкор аст

  • 17 Май, 2013

Фурӯдгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ба бахши молиёти вилояти Хатлон ба миқдори 200 ҳазор сомонӣ бидеҳкор шудааст.

Ҳасан Ҳайитов, як масъулони Идораи молиёти вилояти Хатлон гуфт, дар сурати напардохтани ин бидеҳӣ дар муддати муқарраршуда Кумитаи молиёти Тоҷикистон суратҳисоби фурӯдгоҳро дар бонкҳо баста ва маболиғи буҷетии фурӯдгоҳ барои бозпардохти молиётӣ масраф хоҳад шуд.

Ба гуфтаи оқои Ҳайитов, дар он сурат имкон дорад барои пардохти молиёт амволи фурӯдгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ба фурӯш гузошта шавад.

Масъулони фурӯдгоҳ афзоиши мизони бидеҳиҳоро ба муддати тӯлонӣ қатъ шудани фаъолияти фурӯдгоҳ марбут хонданд. Зеро ин фурӯдгоҳ ба хотири васеъ кардани майдони фурӯдгоҳ ва навсозии бонди парвоз ба муддати як сол фаъолият намекард ва дар ин муддат фурӯдгоҳ наметавонист молиёт бипардозад.

Пас аз анҷоми корҳои таъмир фаъъолият дар ин фурӯдгоҳ тайи як моҳи ахир фаъол шуда ва дар як ҳафта аз ин ҷо ду маротиба ба шаҳрҳои Маскав, Свердлов, Қазон ва Екатеринбурги Русия парвозҳо анҷом мешавад.