Парвози ҳавопаймоҳо ба Киев шурӯъ хоҳанд шуд
Масъулони фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе хабар додаанд, ки парвозҳо ба шаҳри Киев, пойтахти Укройнро аз сар хоҳанд гирифт.
Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии ин ниҳод ин парвозҳоро ширкати ҳавоии “Международные авиалиний” - Укройн анҷом хоҳанд дод. Муҳаммадюусуф Шодиев, сухангӯйи ин дафтар мегӯяд, ки дар ин бора бо масъулони ин ширкат тавофуқ ҳосил шудааст.
Ҳамчунин тибқи хабари ин дафтар дар тобистони соли ҷорӣ ба ҷуз аз ин ширкати ҳавоӣ, ҳамчунин ширкати дигаре мавсум “Эйр Арабиан” парвозҳои худро дар масрири Шарҷа-Душанбе оғоз хоҳад кард.
Бад ин тартиб ҳамакунун 20 ширкати ҳавоии кишварҳои Ҷиргаи Мустақили Ҳамсуд ва ҷаҳон ба фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе парвоз хоҳанд кард.
Дар ҳоли ҳозир аз ин фурӯдгоҳ ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Дубайи Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Урумчии Чин, Франкфурти Олмон, Теҳрон ва Машҳади Эрон, Деҳлии Ҳинд ва Истамбули Туркия парвозҳо анҷом медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки қарор аст дар поизи соли ҷорӣ, терминоли ҷадиди ин фурӯдгоҳ, ки аз соли 2009 бад инсӯ бунёд мешавад, мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Интизор меравад баъд аз иҷрои ин иқдом шумори парвозҳои ширкатҳои ҳавоӣ низ ба ин фурӯдгоҳ афзоиш ёбад.
