Раиси ширкати 'Тоҷик Эйр' аз симаташ барканор шуд
Image copyrightBBC World ServiceФирӯз Ҳамроев, мудири кулли ширкати саҳомии “Тоҷик Эйр”, аз симати худ барканор ва Рустам Холиқов, раиси фурӯдгоҳи Душанбе, ба ин симат мансуб шудааст.
Барканории оқои Ҳамроев рӯзи сешанбеи 21 июл билофосила пас аз суханронияш дар нишасти хабарие дар бораи фаъъолияти шашмоҳаи ширкати “Тоҷик Эйр” сурат мегирад.
Вай дар ин нишаст гуфт, ки ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, “Тоҷик Эйр”, бархе аз парвозҳои худро ба ширкати хусусии ҳавопаймоии “Сомон Эйр” супурда ва дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 20 милюн сомонӣ аз даромадҳои худ аз ин парвозҳоро аз даст додааст.
Дар ин муддат ширкати “Тоҷик Эйр” 793 парвоз ба шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон анҷом додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2013 ҳашт дарсад камтар будааст.
Ба гуфтаи оқои Ҳамроев, далели аслии кам шудани парвозҳои ин ширкат он аст, ки вазорати ҳамлу нақл бахше аз парвозҳои ин ширкатро дар масирҳои Хуҷанд–Маскав, Душанбе–Маскав ва Душанбе-Истонбул ба ихтиёри ширкати хусусии ҳавопаймоии “Сомон Эйр” гузоштааст.
Ширкати "Сомон Эйр" аз ширкатҳои таҳти кунтрули Ҳасани Асадуллоҳзода, бародарзани раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси "Ориёнбонк", яке аз бузургтарин бонкҳои ин кишвар аст.
Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, оқои Асадуллоҳзода аз тариқи ин бонк чандин ширкат ва корхонаи муҳимми дигари Тоҷикистонро кунтрул мекунад. Мухолифонаш ӯро ба эҷоди мавонеъ дар тавсеъаи ширкатҳои дигар ва фишор бар тоҷирону сармоядорони мустақил муттаҳам мекунанд. Аммо худи ӯ аз ибрози назар дар ин бора бо расонаҳо ҳамвора иҷтиноб варзидааст.
Манобеъи огоҳ мегӯянд ширкати ҳавопаймоии миллии "Тоҷик Эйр" аз замоне ки ширкати рақибаш "Сомон Эйр" рӯйи кор омад, ҳамвора бо мушкилоте назири сӯхтгирӣ (аз ширкате муртабит бо "Ориёнбонк") ва дарёфти сармоя аз ҳисобҳои бонкияш дар "Ориёнбонк" рӯбарӯ буда ва маҷбур шудааст ҳарчи бештар ҷойгоҳи худ дар бозорро барои ин ширкат холӣ кунад.
Рустам Холиқовро, ки раиси фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе буд, ба унвони раиси ҷадиди ширкати “Тоҷик Эйр” Азим Иброҳимӣ, муъовини нахуствазир, ба ҷамъи кормандони ин ширкат муъарифӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо судури мусаввабае ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва фурӯдгоҳи байналмилалии Душанберо ба ҳам идғом кардааст. Ҳамакнун, оқои Холиқов риёсати ҳарду ширкати талфиқшуда ба ҳамдигарро ба уҳда дорад.
Оқои Раҳмон ба ниҳодҳои марбута, аз ҷумла Кумитеи сармоягузорӣ, Вазорати хориҷа, Кумитеи молиёт, Идораи зидди инҳисорӣ ва дигар вазоратхонаҳо дастур додааст, ки дар муддати ду моҳ пешниҳод дар бораи созмондиҳии муҷаддади ин ду сохтор ва тамоми асноди ҳуқуқиро фароҳам ва таҳия кунанд.
Чанд сол пеш ҳукумати Тоҷикистон бо судури чунин мусаввабае ин ду ниҳодро ба Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ва ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ҷудо карда буд.
Гуфта мешвад, ки барканории раиси ширкати “Тоҷик Эйр” аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон пас аз интиқоди ӯ аз мақомоти кишвар дар мавриди қатъи бархе аз парвозҳои ин ширкат ба нафъи ширкати ҳавопаймоии хусусии “Сомон Эйр”, ки таҳти кунтрули бародарзани раисҷумҳур аст, сурат мегирад.
