Дархости ҲНИТ аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон

  • 10 Ноябр, 2014

Мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ирсоли номае аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар хостори “таъмини имконоти баробар барои гузарондани маъракаи интихоботӣ” шудаанд.

Бино ба иттилоъи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯйи ҲНИТ, дар номаи Муҳиддин Кабирӣ ба Бахтиёр Худоёрзода, раҳбари Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар дархост шудааст, “то барои ҷудо намудани толори муносиб ҷиҳати баргузории анҷумани ин ҳизб бо ширкати 700 нафар вакил ва меҳмон” мусоъидат кунанд.

Дар ин нома таъкид шудааст, рӯзи 30 сентябри соли ҷорӣ бо чунин номае ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат шуда, аммо то ҳол посухе дарёфт нашудааст.

Дар назар аст, анҷумани 10-уми Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, рӯзи 16 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.