Ҳамалоти имрӯзи Исроил ба Ғазза дастикам 2 кушта ва 17 маҷруҳ доштааст

  • 24 Август, 2014
Image copyrightEPA
Image caption Як сохтмони маскунӣ дар Ғазза субҳи имрӯз дар пайи ҳамлаи ҳавопаймоҳои исроилӣ тахриб шуд

Исроил бо идомаи ҳамалоти ҳавоӣ ба фаластиниёни сокини навори Ғазза сабаби кушта шудани ҳади ақал ду фаластинии дигар ва маҷруҳ шудани 17 нафар дар асари тахриби як сохтмони маскунӣ шудааст.

Исроил гуфтааст, ки ҳамалоти субҳи имрӯз якшанбеи 24 август (дувуми шаҳревар) дар талофии шиллики рокет аз навори Ғазза ба самти Исроил будааст.

Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, ки то кунун ҳади ақали 2090 нафар дар Ғазза дар асари ҳамалоти Исроил аз замин, дарё ва ҳаво кушта шудаанд.

Аксари кушташудагони фаластинӣ ғайринизомӣ ва садҳо нафар аз онҳо кӯдак будаанд.

Исроил мегӯяд, ки дар ин муддат 68 исроилӣ, ки 64 нафари онҳо низомӣ будаанд, дар ҳамалоти Ҳамос ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ кушта шудаанд. Яке аз кушташудагон кӯдаке чаҳорсола будааст.

Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони фаластинӣ дирӯз аз Ҳамос ва Исроил хост, ки дубора бар сари мизи музокироте, ки Миср миёнҷии он буда, бозгарданд.

Вазири умури хориҷаи Миср низ аз Ҳамос ва Исроил хоста фавран оташбас кунанд.

Оташбаси қаблӣ рӯзи сешанбе поён ёфт ва ҳамалоти ҳавоии Исроил ва шиллики рокет аз суи Ҳамос аз сар гирифта шуд.

Мақомҳои бемористонӣ дар Ғазза мегӯянд, ки дар рӯзҳои чаҳоршанбе то ҷумъа 10 фаластинии дигар, ки ду кӯдак ҳам дар миёни онҳо буда, дар асари бумборони Исроил кушта шудаанд.

Аз тарафи дигар Исроил дирӯз ба фаластиниёни сокини Ғазза ҳушдор дод, ки агар ба гурӯҳҳои муқовимат паноҳ диҳанд, ҳадаф қарор хоҳанд гирифт.

Дар эъломияҳое, ки ҳавопаймоҳои Исроил рӯйи Ғазза рехтанд, омадааст, ки ба тамомии манотиқе, ки маҳали фаъолиятҳои ба гуфтаи Исроил "терруристӣ" ҳастанд, ҳамчунон ҳамла хоҳад шуд.

Матолиби муртабит