Маҳнози Афшор дар филми нави Носир Саидов нақш иҷро мекунад

  • 10 Июн, 2014
Носир Саидов ва ДзаллаевImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Саидов мегӯяд, ки барои идомаи таҳия филм ба сармоя ниёз дорад

Носир Саидов, коргардони саршиноси тоҷик, ба таҳияи филме шурӯъ карда, ки яке аз нақшҳои аслии онро, Маҳнози Афшор, ҳунарпешаи маъруфи эронӣ, иҷро мекунад.

Ба навор гирифтани ин филм, ки унвони муваққатияш "Омӯзгор" аст, чандест, ки дар дараи хушманзараи Варзоб, дар шимоли шаҳри Душанбе, идома дорад.

Олбуми аксе дар бораи таҳияи ин филм

Ҳангоме, ки ба макони филмбардорӣ наздик шудем, таҳиякунадагони филм машғули таҳияи яке аз саҳнаҳои он буданд. Носир Саидов, коргардони саршинос, пушти дастгоҳи кории худ қарор дошт ва бо садо задани “мутур” ба филмбардорон дар бораи забти саҳнаҳои он дастур медод.

Ночор будам ду соъат мунтазир бимонам, то бо оқои Саидов дар бораи ҷараёни таҳияи филм суҳбат кунам. Таҳиякунандаи филм мегуфт, ки забти он бо нури офтоб бастагӣ дорад ва онҳо дақиқаҳое дар ихтиёр доранд, то аз равшании он бахубӣ истифода кунанд.

Дар маҳалли филмбардорӣ ҳунарпешаҳои тоҷику эронӣ машғули иҷрои нақшҳои худ буданд. Коргардони садо ва ороишгари ҳунарпешагон низ аз ҷумлаи кормандони синемои Эрон буданд.

Падари чашмбароҳ

Исми муваққатии филми ҷадиди истудиюи “Тоҷикфилм” “Муъаллим” ё “Омӯзгор” аст. Достони онро Сафари Ҳақдод, коргардон ва филмноманавис аз Тоҷикистон, навиштааст.

Филми “Омӯзгор” аз сарнавишти як омӯзгори бузургсол ва писарони ӯ, ки низ шуғли падариро ихтиёр кардаанд, дар солҳои баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар Тоҷикистон ҳикоят мекунад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Хонуми Афшор мегӯяд, ки сарнивишти қаҳрамони ӯ ба тақдири садҳо зан дар Ғарбу Шарқ шабеҳ аст

Ин омӯзгори куҳансол, ки назар ном дорад, дар як рустои кӯҳистонӣ ба сар мебарад ва тамоми зиндагии худро сарфи омӯзондани шогирдон дар мактаби ҳамагонии ин русто кардааст.

Дар солҳои баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ, Юсуф, писари бузургтари ӯ, ба Русия меравад. Дар он кишвар воқеъае бо ӯ рух медиҳад ва Юсуф маҳкум ба зиндон мешавад.

Назар дар фироқи писараш маълул мешавад ва замоне ки Юсуф дар роҳи бозгашт аз Русия ба ватан буд, падари чашм ба роҳ ба дидори фарзанд нарасида, аз олам мегузарад.

Нақши омӯзгори бузургсолро Марат Орипов, ҳунарпешаи маъруф, иҷро мекунад. Носир Саидов, коргардони филм, иҷрои нақши писари кӯчаки ӯро ба уҳдаи Абдукарими Машраб, ҳунарманди ҷавони синемо ва теотр, вогузоштааст.

'Сарнивишти мушобеҳи занон'

Маҳнози Афшор, ҳунарпешаи саршиноси эронӣ, нақши Ҳадя, дӯстдухтари Юсуфро, иҷро мекунад. Хонуми Афшор, ки дар беш аз 20 филм дар Эрон нақшҳои қаҳрамонони мухталиферо бозӣ карда, мегӯяд, нахустин бор аст, ки ӯ бо синемогарони Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

Вай афзуд: "Ман шод ҳастам, ки бо ҳунармандони Тоҷикистон дар филме нақш бозӣ мекунам ва аз онҳо таҷрубаи ҷадиде меомӯзам. Сарнивишти қаҳрамони ман ба сарнивишти садҳо зан дар ҷаҳон, чи дар Шарқу чи дар Ғарб, монанд аст."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Машраб мегӯяд, ки ширкат дар филм бо ҳунарманди саршиноси эронӣ барояш ифтихоре бузург аст

Хонуми Афшор ширкати ҳунармандони синемои Эрон дар таҳияи филм дар Тоҷикистонро нишонае аз ҳамкориҳои созанда миёни фарҳангиёни ин ду кишвари ҳамзабон арзёбӣ кард.

Ҳадя, қаҳрамони ин филм, дар иҷрои хонуми Афшор, бар хилофи хоҳиши худ ва бо фишори пайвандонаш издивоҷ мекунад. Вай аз сарнавишти худ розӣ нест ва аз ҷумлаи маъдуд занон дар кишварҳои мусалмонист, ки шавҳари худро дар миёни издиҳоме аз мардум талоқ медиҳад.

Абудкарими Машраб, ҳунарпешаи ҷавон, ки яке аз нақшҳои аслиро дар филми “Омӯзгор” бозӣ мекунад, мегӯяд, ки ширкати хонуми Афшор дар ин филм барои бисёре аз ҳунармандони тоҷик дарси маҳорат аст.

Қурбони Собир, ҳунарманди дигари тоҷик, нақши Вадуд, бародари Ҳадяро, ва Суҳроб Ҷанҷолов нақши Ҷангӣ, шавҳари ӯро, бозӣ мекунанд. Нақшҳои қаҳрамонони дигари филми “Омӯзгор”-ро Зулфия Содиқова, Раҳмондӯсти Қурбониён, Аловиддин Абдуллоев ва Соро Музофиршоева бозӣ мекунанд.

Дар саҳнаҳое аз филм сокинони рустои мавсум ба Зиддӣ, маҳалли филмбардорӣ, низ ширкат мекунанд. Георгий Дзалаев, филмбардор ва Далери Назар, овозхони маъруф, барои ин филм мусиқӣ меофаранд. Наққошӣ ва декури филмро Марина Якунина бар уҳда дорад.

'Арҷгузорӣ ба омӯзгорон'

Билохира бо шунидани садои Носир Саидов, коргардони филм, ки дастур медод “филмбардорӣ поён ёфт” ман ба назди ӯ рафтам ва хоҳиш кардам, ки ба чанде аз суолоти Би-би-сӣ дар бораи филми ҷадид посух диҳад.

Оқои Саидов гуфт, ки яке аз сабабҳои интихоби достони филми “Омӯзгор” арҷгузории ӯ ва кормандони дигари ин гурӯҳ ба шуғли омӯзгорӣ аст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Саидов гуфт, ки ҳунармандони хуберо барои иҷрои нақшҳои қаҳрамонони филм гирдиҳам овардааст

Вай афзуд: "Мо кӯшиш мекунем, ки бо таҳияи ин филм бузургӣ ва эҳтиром ба омӯзгорро эҳё кунем, он чизе, ки имрӯзҳо аз ҷомеъаи мо дур мешавад. Барои ман ин мавзӯъ, ки омӯзгор бояд ҳамеша дар сатҳи болои эҳтиром қарор гирад, хеле муҳим аст."

Ин коргардони синемои тоҷик мегӯяд, ки бидуни омӯзгорон ҷомеъа рушд нахоҳад кард: "Омӯзгор ин мардуми омӯзиш ва парвариш, маданияти муъошират ва решаи аслии расидани инсон ба худогоҳӣ аст."

Ба гуфтаи Носир Саидов, филми ҷадид дар навори селлулуйд ё навори синемоӣ филмбардорӣ мешавад. Ӯ гуфт, ки ҳарчанд давлат маблағеро барои филмбардорӣ фароҳам карда, вале барои идомаи филмбардорӣ онҳо ҳануз ба сармояи бештар ниёз доранд.

Оқои Саидов мегӯяд шод аст, ки дар таҳияи филм ҳунармандон аз Эрон, кишвари ҳамзабон, ширкат мекунанд. Ӯ гуфт, ки ҳунармандони хуберо барои иҷрои нақшҳои қаҳрамонони филм гирдиҳам овардааст.

Ин коргадони синемои тоҷик мегӯяд, ки агар сармоягузорони ватанӣ дар таҳияи филмҳо ва ё намоишномаҳои теотрӣ дар Тоҷикистон сармоя гузоранд, ин амр ба рушди синемои миллӣ таконе хоҳад бахшид. Зеро таҳияи филмҳои баланду хуб ба сармояи ҳангуфте ниёз дорад.

Матолиби муртабит