Нахустнамоиши филми 'Фасли рӯъё' аз Муҳаммадрабӣ Исмоилов
Image copyrightBBC World ServiceБаъд аз зуҳри рӯзи ҷумъаи 14 феврал дар толори телевизиюни "Сафина" филми ҷадиди Муҳаммадрабӣ Исмоилов таҳти унвони “Фасли рӯъё” намоиш дода шуд.
Дар муъаррифии ин филм ҳунарпешаҳои шинохтаи синемо ва теотр ва фарҳангиёну алоқамандони ҷаҳони синемо дар кишвар ҳузур доштанд.
Оқои Исмоилов мегӯяд, ки достони ин филм дар замони мо ба вуқӯъ мепайвандад ва аз мушкилоти афроде, ки дар зиндагӣ танҳо мондаанд қисса мекунад.
Вай гуфт: "Танҳоӣ на ба маънои надоштани наздикон ва пайвандон. Дар шаҳрҳои бузург одамон ба ҷуз худ ва мушкилоти рӯзгорашон дигар ба атрофиён ва ҳатто наздиконашон таваҷҷуҳ надоранд. Бетафовутӣ ва бетаваҷуҳӣ. Ин аст мавзӯъи филм. Ин филмро метавон дроми равонӣ унвон кард."
Филми “Фасли рӯъё” бар асоси ду ҳикояти “Марди танҳо” ва “Кабутари сафед” аз нависандаи тоҷик Сорбон ва рӯзноманигор Нури Наср таҳия шудааст. Нақши аслиро дар ин филм Назирмат Мусоев, ҳунарпешаи Теотри ҷавонони Маҳмудҷон Воҳидов иҷро мекунад.
Ҳамчунин ҳунарпешаҳои шинохтаи теотр ва синемои кишвар, мисли Баҳодур Миралибеков, Шералӣ Абдулқайсов ва Раҷаб Ҳусейнов дар ин филм нақш бозӣ кардаанд.
Наворбардории ин филм панҷ моҳ қабл дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он бо пуштибонии фаннӣ ва молии телевизиюни "Сафина" шурӯъ шуда буд.
Филми “Фасли рӯъё” панҷумин филми ҳунарии оқои Исмоилов мебошад. Дар гузашта ӯ филмҳое мисли “Иштибоҳ”, “Эҳзон”, “13 солу 13 моҳ” ва ‘Доғ”-ро таҳия карда буд.
