Азкиягӯӣ дар Суғд: Ҳунаре, ки ба номи Узбакистон сабт хоҳад шуд?

  • 10 Июн, 2014
АзкиягӯӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Азкиягӯӣ дар ҳунарҳои мардумии куҳан дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон аст, ки имрӯзҳо кам-кам фаромӯш мешавад

Иддае аз ҳунармандон ва донишпажӯҳон пешниҳод доранд, ки дар радифи дастаҳои ҳунарии мақомсароёну фалаксароён ба гурӯҳҳои ҳунарии азкиягӯён ва нақшхонон низ мақоми давлатӣ дода шавад ва бад-ин тартиб аз онҳо пуштибонӣ ва ҳимояти молию маънавӣ сурат бигирад.

Ба гуфтаи онҳо, ҳукумату давлат тамоми ҳунармандони азкиягӯ, нақшхон (лалоласаро)-ро сарҷамъ созад ,то онҳо битавонанд сарриштаи ин ҳунарро ба наслҳои оянда интиқол бидиҳанд. Барои ташвиқи ҳарчи бештари онон ба ҳунармандони саршинос ҷавоиз ва унвонҳои ифтихорӣ эъто гардад.

Ба андешаи коршиносон, мояи нигаронист, ки хавфи аз байн рафтани жонрҳои фулклурии азкия ва нақшхонӣ вуҷуд дорад, зеро ҳомилони ин жонрҳо асосан пирони солхӯрда мебошанд.

Ҳунарманди халқи Тоҷикистон Абдураҳим Неъматов, сарвари гурӯҳи ҳунарии ҳаҷву мутойибаи "Ҷорӯб", муаллифи барномаи ҳаҷвии "Кам-кам чақ-чақ аз ҳар ҷо", муътақид аст, ки ин ҳама ҳунарҳо садсолаҳо умр доранд ва сарвати зеҳнии мардуми тоҷик ба шумор мераванд.

Оқои Неъматов бо ибрози таассуф мегӯяд, ки бисёре муътақиданд, ки жонри азкия ва нақшхонӣ гӯё дар садаи ахир пайдо шуда бошад, вале ин фикр саҳеҳ нест. Ин жонрҳо маҳсули эҷоду сохтаи тоҷикон буда, баъдан дар кишварҳои дигар, чун Узбакистону Озарбойҷону Эрон мунташир шудаанд. Бавижа, жонри азкия дар водии Фарғона рушду нумӯъ карда, то кунун дар миёни хоссу ом аз маҳбубияте бархурдор аст.

Вай афзуд: "Ман соли 1996 теотр–истудиюи "Ҷорӯб"-ро иборат аз ҳашт нафар аз ҳунармандон таъсис додам. Ин теотр-истудию 10 сол фаъъолият кард, вале ройгон. Тарҳе таҳия кардам бо ҳазинаи ҳудуди чаҳор ҳазор сомонӣ (ҳудуди 800 дулор), вале тайи ин даҳ сол нафаре аз зимомдорон аз он ҳимоят накард."

"Як мақоми давлатӣ иҷрои ин корро ба зиммаи дигаре вомегузошт. Ин аст, ки саранҷом натавонистам он ҳазинаро дарёфт кунам ва миёни ҳунармандон тақсим намоям. Аз бетаваҷҷуҳӣ ва беэътиноии раҳбарон ба ғам пайвастам ва акнун соли чаҳорум аст, ки дар бистари беморӣ қарор дорам."

Мунозараи нахлу буз

Ба андешаи устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Абдуллоҷон Мавлонов, жонри азкия дар фулклур ва адабиёти форсӣ пешинаи куҳане дорад ва намунаи барҷастаи он мунозираи "нахл ва буз" дар достони "Дарахти Ассурик" мебошад, ки мутаъаллиқ ба қарни севуми милодист. Баъдан жонри ҳаҷвию мутоибаи "азкия"-ро дар осори шоирони клоссику муъосири порсигӯ ба таври фаровон метавон дид.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Неъматов тарҳе барои ҳифзи ҳунари азкиягӯӣ таҳия карда, вале даҳ сол боз зимомдорон аз он ҳеч ҳимояте накардаанд

Оқои Мавлонов гуфт: "Маъмулан, миёни мардум ду навъ азкия арзи вуҷуд дорад. Нахуст, азкияи мухтасар ва сониян, азкияи мукаммал. Дар азкияи мухтасар ду нафар бо якдигар муколама мекунанд ва бо радду бадали ду ва ё се пурсишу посух он хотима меёбад. Вале дар азкияи мукаммал , ки дар он то бист нафар аз азкиягӯёну ҳунармандони куҳнакор ширкат меварзанд, мусобиқа метавонад то чанд соъат ё то замони эъломи бохт аз сӯйи як ҷониб идома меёбад."

Дар мусобиқаи азкиягӯӣ ҳар гурӯҳе сарваре дорад. Шарти асосии пирӯзӣ дар азкия ҳоҷирҷавобӣ, шӯхтабъӣ ва зарофатгӯӣ аст. Чунончи олимони ҳунаршинос таъкид мекунанд, посух бояд сареъ, бидуни вақфа, фаврану бадоҳатан гуфта шавад. Вале калимоти мавриди истифода бояд духӯра, таҳдору нешдор, намакину нишонрас, пурмаънову бисёрпаҳлӯ, ҷаззобу рӯшан ва барои бинандаю тамошочӣ комилан мафҳум бошад.

Яке аз ҳадафҳои азкия хандондани шунаванда аст. Ханда бояд беғаразонаю некбинона ва беолоиш бошад. Вале гоҳо ханда метавонад заҳрогин низ бошад. Яке аз шартҳои азкия мушаххас будани мавзӯъ аст. Азкиягӯ набояд аз доираи мавзӯъ берун равад. Мавзӯъи баҳс метавонад ҳама чиз бошад: номи мошинолоти кишоварзию санъатӣ, созҳои мусиқиву олоти рӯзгор, ановини таронаҳо, асомии одамону сутурон, анвоъи машоғил, ҳунармандӣ, варзиш, пизишкӣ ва амсоли ин бошад.

Яке аз анвоъи қадимии азкия "лофгӯӣ" ё "мубоҳот" (худситоӣ) бо кор гирифтан аз саноеъи адабие чун иғроқу муболиға ва ташбеҳу истиъора мебошад. Мисоли онро дар муколамаи зер метавон дид:

Ду лофгӯ ба дидори ҳам расиданд. Яке гуфт: Имсол кишоварзони деҳаи мо хеле сарватманд шуданд. Ҳар як тарбузи парвардаашон беш аз панҷоҳ кило вазн дошт!.

Дувумӣ: Ин гуна тарбузҳоро дар рустои мо "мош" мегӯянд!

Азкиягӯӣ дар адабиёти порсӣ

Вожаи "азкия" ҳамон гунаи таҳрифшудаи вожаи арабии "азкиё", яъне закиён, ҳушмандон, ҳушёрону зиракон мебошад. Азкия ва азкиягӯӣ аз суннатҳои мардумии тоҷикон буда, дар манотиқи гуногун бо номҳои гуногун ёд мешавад. Аз ҷумла, азкияро дар бархе манотиқи Бадахшон "назир", дар Дарвозу Рашт "лаққича", дар Кӯлобу Ҳисор "аксар" ё "қофия", дар навоҳии саргаҳи Зарафшон "аксид" ё "қофия", дар Панҷекату Самарқанду Бухоро ва Хуҷанд "азкия" ё "қофия" меноманд.

Жонри мазкур бахусус дар миёни мардумони бумии навоҳии Ванҷу Ёвону Рӯмон, ки ба содадиливу зарофатгӯӣ дар Тоҷикистон машҳуранд, бештар роиҷ аст. Дар Тоҷикистон афроди зиёде бо азкиягӯӣ миёни мардум ном баровардаанд, ки аз ҷумлаи онҳо метавон аз Мулло Набиеви Сарихосорӣ, Ҷумъа Антаи Панҷекатӣ, Тағоймурод Афандии Артучӣ, Акаи Нағзибеки Шуғнонӣ, Муллоёри Ванҷӣ, Сайидалӣ Вализодаи Хатлонӣ, Фахрии Рӯмонӣ, Қодир-ҷӯгии Ёвонӣ ёдовар шуд. Шоъирону нависандагони клосик ва муъосири тоҷик низ миёни ҳам азкиягӯӣ мекардаанду мекунанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Ба эътиқоди оқои Мавлонов, жонри азкия дар фулклур ва адабиёти форсӣ пешинаи куҳане дорад ва намунаи барҷастаи он мунозираи "нахл ва буз" дар достони "Дарахти Ассурик" аст

Камоли Хуҷандӣ ва Урфии Шерозӣ бо ҳам дӯст буданд. Рӯзе Урфӣ дар манзили дӯсташ меҳмон мешавад. Дар ҳангоми суҳбат баногаҳ саги Хоҷа пайдо мешавад ва даҳан ба дастархон мезанад.

Урфӣ аз ин нороҳат шуда, мепурсад: Ба ин махлуқ чӣ ном мондед?

Хоҷа Камол мегӯяд: Аз номҳои "урфӣ" якеро гузоштам!

Урфӣ ҳам мегӯяд: Камол ёбад! Пирон мераванду ҷойгузини эшон нест!

Ба гуфтаи соҳибназарон, дар шимоли Тоҷикистон ҳамакнун танҳо дар шаҳри Исфара ду гурӯҳи мукаммали азкиягӯён ва нақшхонҳо боқӣ мондаанд. Сарвари гурӯҳи азкиягӯён Тоҷибойи Воҳиди 85-сола, сокини рустои Қалъачаи Мазор, аст. Давронҷони Пӯлоди 80-сола, Муллошери Воҳиди 73-сола, Мақсудҷони Маҳмуди 65-сола, Нуъмонҷони Бобо ва Фозилхони Авлиёхони 63-сола, Мустафо Сангини 56-сола, Абдумаллиби Шермат ва Азизхӯҷаи Қурбони 54-сола, Зокирҷони Обиди 50-сола ва Ҳофизи Воҳиди 40-сола аъзои ин гурӯҳ ҳастанд.

Гурӯҳи дигари ҳунармандони азкиягӯ таҳти сарварии Саидхоҷа Азизи 86-сола фаъъолият мекунад, ки миёни мардум бо лақаби Бобо Райҳон маъруфу маҳбуб аст. Дар ин дастаи ҳунарӣ ҳунармандоне чун Усмонҷони Қаландари 62-сола, Усмонҷони Юсуфи 64-сола ва Абдураҳими Шермат, Лутфуллоҷони Файзӣ, Қосимҷони Ҳасан ва тақрибан даҳ нафар аз ҷавонони дигар узвият доранд, ки синнашон аз чиҳил болост.

Сабурхони Амонулло, муъовини мудири бахши фарҳанги шаҳристони Исфара, мегӯяд: "Ин гурӯҳҳо худҷӯш ҳастанд ва дар рустоҳои Навгилему Шаҳрак, Қалъачаи Мазор ва Кӯлканд ба сар мебаранд. Агар маҳфиле доир шавад, эшонро хабар медиҳем ва онҳо меоянду баъди ҳунарнамоӣ боз ба рустоҳои худ бармегарданд. Ҳоло теъдоди азкиягӯёну нақшхонон нисбат ба чанд сол пеш хеле коҳиш ёфтааст. Зеро пирон чун аз по дармеуфтанд, ҷавононе нестанд, ки ҷойгузини эшон шаванд."

Ба гуфтаи оқои Амонулло, аксари ҷавонон майл ба омӯхтани азкияву нақш надоранд, зеро ниёзе ба он намебинанд. Пирон низ дигар чандон ҳавсалаи азкиягӯӣ надоранд, зеро аз лиҳози молӣ ташвиқ намешаванд.

Вай меафзояд: "Ҳоло дар маҳофили арӯсӣ расм шуда, ки то шурӯъи базм чанд нафар нақшхонӣ кунанд. Вале на ҳама имкони ташвиқи моддии онҳоро доранд. Пас савоб мебуд, агар мо як гурӯҳи мукаммали азкиягӯёну нақшхонон таъсис ва ба он мақоми расмӣ бидиҳем. Дар ин сурат, ҳунармандони ҷавон асрори ҳунари нақшхонӣ ва азкиягӯиро аз пирони ҳунарманд меомӯзанд. Дар маҷмӯъ, ин иқдом боъис мешавад, ки нақшу азкия умри ҷовидонӣ пайдо кунанд. Алъон, будҷеи шаҳристони Исфара барои ҳимояти молӣ аз ин дастаи ҳунарии мардумӣ маҳдуд аст. Кумаку пуштибонӣ дар сатҳи вилояту кишвар лозим аст."

Ба эътиқоди торихшинос Абдуманнон Рауфов, нақшу азския бозгӯйи торих ва мубайини набзи замон, вазъи иҷтимоъию равонии ҷомеъа дар даврони мушаххас ба шумор меравад. Вай мегӯяд, зарурист, ки мо барои бақои ҳунарҳои мардумӣ, ки мероси фарҳангии ғайримоддӣ ба шумор мераванд, ҷиддан иқдом намоем.

'Ҳунарҳои мо моли Узбакистон шуданд'

Пруфесур Наъим Ҳакимов, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, мегӯяд, ки соли гузашта Узбакистон ба Созмони илмию омӯзишӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКУ) барои сабти азкия ба унвони мероси фарҳангии ғайримоддии башарият пешниҳод кардааст, ки дар моҳи ноябри соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Ин феҳраст дар чорчӯби Барномаи "Шоҳкориҳои мероси фарҳангии шифоҳӣ ва ғайримоддӣ"-и ин созмон тадвин мешавад. Вале ба эътиқоди ӯ, азкия, бидуни шак, мероси ҳунарии мардуми тоҷик аст ва шояд аз беҳавсалагӣ ё бепарвоӣ аз дасти мо рафта ва ба номи узбакон сабт хоҳад шуд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Ҳакимов аз он ибрози таассуф мекунад, ки мақомоти фарҳангии Тоҷикистон дар сабти ҳунарҳои мардумии худ дар ЮНЕСКУ коҳилӣ ва таъхир мекунанд

Оқои Ҳакимов мегӯяд: "Соли 2009 жонри фулклурики "ашӯла" ва "ашӯлаи калон" ба номи онҳо номнавис шуд. Пеш аз он жонри "Шашмақом" низ чун моли муштараки тоҷикону узбакон дар феҳристи ЮНЕСКУ сабт шуда буд. Узбакон имсол ният доранд, то ҳунари атласу адрасбофӣ ва аз хӯрданиҳо "оши палав", як силсила рақсҳо, тоқиҳои гуногунро низ ба феҳристи мероси ғайримоддии ин созмон сабт кунанд. Рақси машҳури "Уқоб"-и тоҷикиро чиниҳо ҳамчун мероси фарҳангии худ сабт карданд."

Вай ҳамчунин ишора кард, ки сози мусиқии тор ва бозии чавгонро низ ЮНЕСКУ ба унвони мероси фарҳангии озариҳо сабт кардааст. Сози мусиқии нафасии қадимаи суғдиро, ки дудук ном дорад, арманиҳо ба унвони мероси фарҳангии худ дар ЮНЕСКУ ба сабт расондаанд. Акнун ин суол матраҳ аст, ки оё "нақш"-ро, ки низ аз ҳунарҳои нодири мардумӣ дар шимоли Тоҷикистон аст, метавон ба феҳристи ЮНЕСКУ изофа кард?

Пруфессур Ҳакимов гуфт: "Узбакистон ҳунари "ашӯла"-ро чун мероси фарҳангии худ ба феҳристи ЮНЕСКУ изофа кард. Агар "нақш"-ро чун "ашӯлаи калон" муъаррифӣ карда бошанд, пас он низ аз даст рафтааст. Алҳол қирғизҳо "алла" ва маросими "гаҳворабандон"-ро чун мероси фарҳангии худ ба ЮНЕСКУ пешниҳод кардаанд. Мо метавонем, агар худамон батанҳоӣ натавонем, пас ҳамроҳ бо қирғизҳо ин ҳунарҳоро барои сабти ном ба ЮНЕСКУ пешниҳод намоем."

Оқои Ҳакимов аз он ибрози таассуф мекунад, ки мақомоти фарҳангии Тоҷикистон дар сабти ҳунарҳои мардумии худ коҳилӣ ва таъхир мекунанд.

Вай мегӯяд: "Мо мутахассисоне надорем, ки барои сабти номи мероси фарҳангии шифоҳӣ ва ғайримоддӣ талош кунанд. Вале дар Тоҷикистон кумисиюни вижае дар вазорати фарҳанг ҳаст, ки иҷрои ин корҳо мустақиман вазифаи ӯст. Барои ҳифзи мероси фарҳанги шифоҳӣ ва ғайримоддӣ барномаҳои давлатӣ тасвиб шуда, маблағҳои бузурге ихтисос дода шудаанд. Вале кор нест. Яке паси дигар ҳунарҳои воқеъан миллии мо аз даст мераванд, аз ҷониби ҳамсоягону аҷнабиён тороҷ мешаванд, вале мо ҳамоно хамӯшем."

Пруфесур Ҳакимов мегӯяд имкон надорад, ки пас аз чанд сол, вақте зарфиятҳои иқтисодиву молии мо қавӣ шавад, мо муддаъии ҳунару фарҳанге бошем, ки дигар аз дасти мо рафтааст. Ҳоло танҳо "Шашмақом" дар феҳристи мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКУ ба номи тоҷикон сабт шудааст, ки он ҳам ба ибтикори Узбакистон ва бо пайвастани Тоҷикистон ба ин тарҳ анҷом шудааст.

Аз ҳунарҳои мардумӣ "фалаксароӣ" ва куртаи "чакан" низ ҳанӯз ба сабт нарасидаанд. Вале узбакҳо ният доранд, ки "чакан"-ро чун мероси фарҳангии худ ба сабт расонанд. Чакан ва чакандӯзию чаканпӯшӣ на танҳо дар ҷануби Тоҷикистон, балки дар миёни мардуми вилояти Сурхондарёи Узбакистон низ роиҷ аст. Давлати Узбакистон дар маҷмӯъ "фазои фарҳангии Бойсун"-ро соли 2001 ба феҳрасти ЮНЕСКУ изофа кард, ки ин фазои фарҳангӣ шояд шомили чакан низ бошад.

'Ҳеч баҳонае қобили қабул нест'

Сабаб чист, ки то кунун ҳеч ҳунари мардумӣ дар вилояти Суғд барои сабт дар феҳристи мероси фарҳангии ғайрималмуси ЮНЕСКУ пешниҳод нашудааст? Барои посух ба ин ва чанд суоли дигар ба Орифҷон Набиев, сардори риёсати фарҳанги устондориии Суғд, муроҷеъа кардем. Нахуст аз ӯ суол шуд, ки чӣ корҳое аз ҷониби аъзои Кумисиюни миллии ЮНЕСКУ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар устони Суғд, барои сабти ҳунарҳои мардумӣ дар феҳристи мероси ғайримоддии ин созмони муътабар ба анҷом расидааст?

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Набиев мегӯяд, аз корҳои анҷомшуда барои сабти мероси фарҳангии вилояти Суғд аслан хабар надорад

Оқои Набиев иқрор кард, ки ҳеч иттилоъе дар ин бора дар даст надорад. Аз ӯ суол кардам, ки оё ба хотири ин, ки ҳунарҳои азкиягӯӣ ва нақшхонӣ бақо пайдо кунад, метавон ба ҳамон як-ду гурӯҳи зиндаву фаъъоли он мақоми давлатӣ дод?

Вай гуфт: "На. Дар ҳоли ҳозир барои таъсиси ин гурӯҳҳо чун муассисоти давлатӣ зарурате намебинам. Шояд чунин зарурат дар оянда пайдо шавад! Мо аз нигоҳи иқтисодӣ тавони онро надорем, ки аз чунин гурӯҳҳо ҳимояти молӣ кунем. Вале шаҳрдор, яъне садри ноҳия, ҳуқуқ дорад, ки аз рӯйи имконоти молии хеш дар заминаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроия чунин гурӯҳҳоро таъсис бидиҳад."

"Агар, ба таври мисол, шаҳрдори Исфара чунин як иқдоме кунад ва гурӯҳи азкиягӯёнро расман таъсис бидиҳад, мақомоти вилоятӣ метавонанд онҳоро барои чанд муддат пуштибонӣ намоянд. Вале мо ба онҳо дар созмондиҳии воҳиди корӣ ва ироаи маблағҳо наметавонем кумак кунем."

Вале ба назари пруфесур Наъим Ҳакимов, барои ҳифзи ҳунарҳои мардумие чун "азския"-ву "нақш" ниёз ба кумаки шаҳрдориву устондорӣ нест. Маблағе муъодили беш аз даҳ милюн сомонӣ барои иҷрои Барномаи давлатии ҳифзи мероси фарҳанги шифоҳӣ ва ғайримоддӣ ихтисос дода шудааст ва аз ин маболиғ метавон барои ҳифзи ҳунарҳое, ки дар вартаи нобудӣ қарор доранд, истифода кард.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳамчунин метавонад бо сабти ин ҳунарҳо ба унвони мероси фарҳангии шифоҳӣ ва ғайримоддии хеш аз ЮНЕСКУ кумакҳои бузурги молӣ дарёфт кунад.

Оқои Ҳакимов мегӯяд: "Гузашта аз ин, изофа шудани ин ҳунарҳо ба феҳристи ЮНЕСКУ нуфузи Тоҷикистонро чун кишвари ҳомили фарҳанги нодиру куҳан миёни кишварҳои узви Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ боло хоҳад бурд ва роҳро барои рушди тиҷорат дар арсаи байналмилалӣ ҳамвор хоҳад кард. Пас кор бояд кард ва ҳеч навъ баҳонае қобили қабул нест!"