Филми “Оинаи бидуни тасвир” дар ҷашнвора ҷоиза гирифт

  • 11 Феврал, 2014
Филми "Оинаи бидуни тасвир"Image copyrightBBC World Service
Image caption Саҳнае аз филми "Оинаи бидуни тасвир"

Дар Ҷашнвораи 32 –уми филми “Фаҷр”, ки аз 31 январ то 5 феврал дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон баргузор шуд филми “Оинаи бидуни тасвир”-и Носир Саидов, коргардони тоҷик ҷоизаи беҳтарин филмномаро ба худ ихтисос дод.

Дар ин ҷашнвора синамогарон аз кишварҳои исломӣ ва Осиёи Марказӣ ширкат доштанд.

Филмномаро Бахтиёр Каримов, филмноманависи ҷавони тоҷик, ки тайи чандин сол дар Руссия кору зиндагӣ мекунад, навиштааст. Мӯҳтавои филм равобити волидайн ва афви иштибоҳоти ҳамдигар мебошад.

Мусиқии ин филм аз ҷониби Далер Назаров, оҳангсоз ва овозхони шинохтаи тоҷик таҳия шудааст.

Носир Саидов, коргардони филми “Оинаи бидуни тасвир” роҳ ёфтани филмҳои тоҷикиро ба бозори ҷаҳонии синамо аз дастовардҳои муҳим барои синамогарон арзёбӣ кард.

Оқои Саидов гуфт: “Ширкат дар ҷашнвораҳои байналмилалии синамо ва дарёфти ҷоиза хуб аст, аммо роҳ кушодан барои филмҳои тоҷикӣ ба бозори ҷаҳонӣ дастоварди бузургест барои тамоми синамогарон.”

Филми қаблии Носир Саидов бо номи “Қиёми рӯз” низ дар Ҷашнвораи филмҳои “Корол”-и Ҳинд соҳиби ҷоизаи беҳтарин коргардон ва таваҷҷӯҳи тамошочиён шуда буд.

Ҳамзамон дар шаҳри Теҳрон ҳамоиши байналмилалии синамогарон ва бозор ё маркентинги бахши синамо баргузор шуд.

Қаблан, филмҳое мисли “Рустаму Сӯҳроб”, “Сиёвуш”, “Судоба” ва “Қисмати шоир” дар бозори байналмилалии синамо ва ё “Кинумаркет” харидорони зиёде дар саросари ҷаҳон пайдо карда ва дар муаррифии синамои тоҷик дар ҷаҳон саҳми арзандае доштанд.

Матолиби муртабит