Оғози рӯзҳои синемои Лаҳистон дар Душанбе

  • 23 Октябр, 2013

Дар Тоҷикистон рӯзҳои синемои Лаҳистон оғоз мешавад. Ин филмҳо дар кохи “Ҷомӣ”-и шаҳри Душанбе аз 23-ум то 26-уми октябр намоиш дода мешаванд.

Дар ин рӯзҳо филмҳои коргардонҳои шинохтаи лаҳистонӣ, монанди Митйо Окорн, Кшиштоф Занусӣ, Макей Вотишку ва чанде дигар намоиш дода мешаванд.

Дар тӯли ин чанд рӯз бинандаи тоҷик аз фурсати тамошои филмҳое дар жонри маҳзака ва ё кумедии “Нома ба М”, “Тиҷорати муқаддас”, “Ин оне нест, ки ту фикр мекунӣ, ишқи ман”, “Изофӣ” ва ҳамчунин филмҳои дроми синемогарони лаҳистонӣ, мисли “Дар торикӣ” ва “Ҳоло на” намоиш дода мешаванд.

Мубтакирони баргузории ин тадбири фарҳангӣ мегӯянд, яке аз аҳдофи онҳо ин аст, ки барои алоқамандони филмҳои урупоӣ дар Тоҷикистон чунин имконеро фароҳам кунанд, ки онҳо дар кишвари худ имкони тамошои беҳтарин филмҳои коргардонҳои лаҳистониро дошта бошанд.

Алоқамандони синемо то охири ҳафта, 26 октябр, дар кохи “Ҷомӣ” метавонанд филмҳои коргардонҳои лаҳистониро ба таври ройгон бубинанд.