Нахустнамоиши филми "Оинаи бидуни тасвир" дар Душанбе баргузор шуд

  • 3 Сентябр, 2013
нахустнамоиши филми "оинаи бидуни тасвир"
Image caption Носир Саидов дар нахустнамоиши филми ҷадидаш "Оинаи бидуни тасвир"

Рӯзи душанбе 2 сентябр дар кохи Ҷомӣ дар шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми ҷадиди Носир Саидов бо номи "Оинаи бидуни тасвир" доир шуд.

Филми мазкур аз рӯйи асари Бахтиёр Каримов, адиби ҷавони тоҷик филмбардорӣ шуда Далери Назар, овозхони шинохта барои ин филм мусиқӣ эҷод кардааст. Георгий Дзалаев яке аз филмбардорони шинохтаи кишвар ин филмро дар шҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он наворбардорӣ кардааст.

Ромиш яке аз қаҳрамонҳои аслии ин филм, ки нақши ӯро Парвиз Саидов, писари Носир Саидов коргардони ин филм иҷро мекунад аз бемории қалб ранҷ мебарад ва мефаҳмад, ки то чанд моҳи дигар мемирад. Шаҳзод, қаҳрамони дигари ин филмро, ки дар садади баргузории ҷашни арӯсиаш ҳаст, Ромиш ба қатл мерасонад.

Image caption Достони ин филм аз зиндагии ҷавонон ва назари онҳо ба зиндагӣ ва мушкилоти онҳо бо падару модарашон ҳикоят мекунад

Дар ҷараёни филм қалби Шаҳзодро ба Ромиш пайванд мекунанд ва пас аз муддате Ромиш мефаҳмад, ки қалби он ҷавонеро, ки ӯ ба қатл расонд дар синаи ӯ метапад. Хислату рафтори Ромиш ва нигоҳи ӯ ба зиндагӣ комилан таъғир меёбад.

Носир Саидов, коргардони ин филм мегӯяд: "Дар аввл қасд доштем як филми телевизионе иборат аз се қисмат месозем ва саҳнаҳои зиёде низ филмбардорӣ шуданд, аммо дар ҳангоми вироиш ва танзими филм ба хулосае омадем ва саҳнаҳои зиёдеро кӯтоҳ кардем. Дар натиҷа филм як соату 40 дақиқа шуд"

Ба қавли созандагон филми "Оинаи бидуни тасвир" як дромми равонӣ буда барои бинанда эҳсоси гузашткардан ва бахшишро талақӣ мекунад. Қаҳрамони аслии ин филм, ки нақши ӯро Маҳмадалӣ Маҳмадов, ҳунарпешаи шинохтаи синамо бозӣ мекунад дар поёни филм аз гуноҳи қотили писараш мегузарад ва ӯро ҳамчун писараш қабул мекунад.

Дар баробари ҳунармандони ҳирфаии театру синамои кишвар мисли Маҳмадалӣ Маҳмадов, Аловиддин Абдуллоев, Моҳпайкар Ёрова инчунин ҷавононе, ки ин нахустин кори онҳо дар синамо аст Парвиз Саидов, Мадина Назарамонова, Тимур Турсунов ва дигарон дар ин филм нақш офаридаанд.

Ончунон, ки Носир Саидов, коргардони ин филм мегӯяд: "Албатта бо ҳунарпешаҳои ғайриҳирфаӣ кор кардан душвортар аст, аммо ман чунин таҷрубаро дар филми қаблиам "Қиёми рӯз" доштам, ки қисмате аз қаҳрамонони он филм ҳунарпешаҳои ғайриҳирфаӣ буданд."

Image caption Созандагони филми "Оинаи бидуни тасвир" пас аз нахустнамоиш

Носир Саидов, коргардони ин филм мегӯяд, ки дар маҳалли филмбардорӣ тамоми қаҳрамонони филм барояш баробаранд ва Парвиз низ мисли бозигарони дигари филм адои вазифа мекард, ҳеҷ имтиёз ва ё гузаште дар саҳнаи наворбардорӣ барояш накардааст .

Худи Парвиз мегӯяд, ки ин нахустин таҷруба ӯ дар синамо будааст: "Ман Танҳо 5 солам буд, ки ҳамроҳи падар тайи чанд моҳ дар маҳалли филмбардории филме таҳти унвони "Падари маҳтобӣ" сохтаи Бахтиёр Худоназаров дар Қайроқум будам. Агарчи замони бачагиям муҷрии барномаҳои телевизионӣ будам, аммо барои аввалин бор аст, ки худам нақши аввалро дар як филми ҳунарӣ бозӣ мекунам."

Павиз мегӯяд, ки душвориҳои кори бозигарӣ ва ё ҳунарпешаи синаморо хуб медонад ва ҳаргиз дар андешаи нақшофарӣ дар синамо набудааст. Ӯ афзуд: "Пешниҳоди падарам буд, ки дар интихоби қаҳрамон барои ин филм ширкат кунам ва аъзои ҳакамони озмун маро барои иҷрои нақши аввал интихоб намуданд ."

Image caption Парвиз, қаҳрамони аслии ин филм мегӯяд, ки пас аз тамошои филм аз иҷрои нақши худаш чандон хушаш наомадааст.

Оқои Саидов, коргардони ин филм мегӯяд, ки ин филм тавассути яке аз дурбинҳои пешрафтатарини дунё, ки киностудиёи "Тоҷикфилм" ба тозагӣ харидорӣ кардааст, филмбардорӣ шудааст ва сабти садои филмро гурӯҳе аз садобардорони эронӣ ба зима доштанд, ки филм ҷавобгӯи тамоми истондортҳои байналмилалии филмсозӣ будааст.

Дар авоили моҳи октябр дар ҷашнвораи филми "Пусон" ки аз 3-ум то 12-ум октябр баргузор мешавад, филми "Оинаи бидуни тасвир" дар бахши "Нахустнамоиши беҳтарин филмҳои ҷаҳон" ба торихи 4-ум 7-ум ва 10-ум октябр намоиш дода хоҳад шуд.

Ин дуввумин филми баланди Носир Саидов ҳаст, ки дар Тоҷикистон филмбардорӣ мешавад. Филми қаблии ӯ бо номи "Қиёми рӯз" чандин ҷавоизи аслии ҷашнвораҳои байналмилалии филмро ба худ ихтисос дода буд.

Матолиби муртабит