Намоиши 12 филми кӯтоҳ дар Хонаи синемо

  • 22 Июн, 2013

Намоиши дувоздаҳ филми кӯтоҳ аз XXIV – умин ҷашнвораи филми “Кинотавр”-и Русия дар толори Хонаи синемо дар шаҳри Душанбе ба намоиш даромаданд.

Ин филмҳо аз 2-ум то 9-уми моҳи июн дар XXIV – умин ҷашнвораи филми “Кинотавр” дар шаҳри Сочии Русия намоиш дода шуданд.

Ин филмҳо дар Хонаи синемои Душанбе рӯзи 22-юми июн дар ду бахш - аз соъати 09:00 то соъати 14:00 ва аз саъоти 14:30 то соъати 19:00 пешкаши тамошочиён хоҳанд шуд.

Дар ҳар бахш шаш филми кӯтоҳ намоиш дода мешавад. Ҳар яке аз онҳо на бештар аз 30 дақиқа ҳастанд.

Дар миёни 12 филми ҷашнвораи “Кинотавр” филми “Хористка”, сохтаи Румӣ Шоазимов, филмноманавис ва коргардони ҷавони тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд, ки он аз рӯи асари Антон Чехов, нависандаи рус таҳия шудааст.

Ин филм қаблан ҷоизаи беҳтарин филм дар бахши “Гуфтугӯи фарҳанги Шарқ ва Ғарб”-ро дар 5-умин ҷашнвораи байналмилалии филми “Дидор” дар соли 2012, дар Душанберо ба худ ихтисос дода буд.

Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон гуфт пас аз тамошои ҳар филм дар Хонаи синемо коршиносон ва коргардонҳои ҷавон достон ва наҳваи кори коргардонҳоро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додаанд.