Баргузории ҷашвораи филми Тоҷикистон дар Ландан

  • 15 Август, 2013
Тасвире аз филми "Қиёми рӯз"
Image caption Ҷашнвораи филми Тоҷикистон дар Ландан бо намоиши филми "Қиёми рӯз" оғоз шуд

Шоми рӯзи чаҳоршанбеи 14 август дар маркази Ландан ҷашнвораи филми Тоҷикистон оғоз шуд. Қарор аст ин ҷашвора ба муддати чаҳор рӯз идома ёбад ва дар он шаш филми сохтаи филмсозони Тоҷикистон ба намоиш гузошта шаванд.

Ин ҷашнвора дар Китобхонаи Кенсингтуни Ландан дар яке аз хиёбонҳои марказии Ландан баргузор мешавад. Мубтакирони баргузории ин ҷашнвора сафорати Тоҷикистон дар Бритониё ва анҷумани байналмилалии форсизабонон, "Пайванд" ҳастанд.

Додихудо Дагиев, донишманди тоҷики муқими Ландан ва аз созмондиҳандагони ин ҷашнвора, зимни суханронии кӯтоҳе ин ҷашнвораро дар ҳузури алоқамандони ҳунари Тоҷикистон, ки аксарашон форсизабонони муқими Ландан буданд, ифтитоҳ кард.

Сипас Эркин Қосимов, сафири Тоҷикистон, Ҷалол Бадахшонӣ, раиси намояндагии анҷумани "Пайванд" дар Бритониё, ва Ҳасани Сулҳҷӯ, аз кормандонии телевизиюни форсии Би-би-сӣ дар бораи аҳдоф ва роҳи омодагӣ ба ин ҷашвора суханронӣ карданд.

Эркин Қосимов, сафири Тоҷикистон дар Бритониё, дар гуфтугӯйе бо Би-би-сӣ гуфт: "Ин ҷашвора ба муносибати 23-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон баргузор мешавад ва ҳадаф аз он ошноии ҷавомеъи кишварҳои ғарбӣ бо воқеъиятҳои Тоҷикистон аст."

Оқои Қосимов афзуд, ки мутаассифона дар кишварҳои ғарбӣ тайи замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон тасаввури нодурусте дар бораи ин кишвар сурат гирифтааст ва "мо мехоҳем нишон бидиҳем, ки Тоҷикистон кишваре бо зарфиятҳои ғании фарҳангӣ аст ва дар ин кишвар ҳунари хуби филмсозӣ ҳам вуҷуд дорад."

Image caption Ҷалол Бадахшонӣ, раиси намояндагии ҷамъияти "Пайванд" дар Бритониё (чап) ва Эркин Қосимов, сафири Тоҷикистон дар Бритониё (рост)

Ҷалоли Бадахшонӣ, раиси бахши анҷумани "Пайванд" дар Бритониё, дар суханронии худ таъкид кард, ки фарҳанги Тоҷикистон танҳо ба қаламрави ин кишвар маҳдуд намешавад ва таъсиргузортарин унсур дар фарҳанги мардумони кишварҳои минтақа будааст ва "фарҳангҳои соири мардумони Осиёи Миёна аз он об хӯрдаанд."

Ӯ афзуд: "Имрӯз низ мо шоҳиди он ҳастем, ки ин фарҳанг дилҳоро дар нуқоти ҷаҳон тасхир мекунад."

Оқои Бадахшонӣ барои таъйиди ин ҳарфи худ аз пурхарид шудани сурудҳо бар осори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар Омрико ва маъруфияти Умари Хайём дар Бритониё ёдовар шуд.

Қарор аст тайи замони баргузории ҷашвораи филми Тоҷикистон дар Ландан филмҳои "Қиёми рӯз", сохтаи Носир Саидов, ки аз зиндагии мардуми оддии деҳе бо тасовири гӯё суҳбат мекунад, филми "Қимати шоъир", сохтаи Борис Кимиёгаров, дар бораи сарнавишти саромади шеъри форсӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба намоиш гузошта шаванд.

Image caption Толори Китобхонаи Кенсингтуни Ландан мамлу аз алоқамандони филмҳои Тоҷикистон буд

Ҳамчунин, филми "Овора", сохтаи Гуландом Муҳаббатова ва писараш Далер Раҳимов, дар бораи мушкилоти иқтисодии тавъам бо зиндадилии мардум, филми "Қош ба қош", сохтаи Бахтиёр Худоназаров, дар бораи достони ишқи ду ҷавон ва нишебу фарозҳои ин достон, филмҳои маъруфи "Рустам ва Суҳроб" ва "Достони Сиёвуш", ки сужеи ҳарду баргирифта аз достонҳои ҳамосии "Шоҳнома"-и Абулқосими Фирдавсӣ, шоъири қарни 10-и адабиёти форсӣ ҳастанд, ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.

Эркин Қосимов, сафири Тоҷикистон дар Бритониё, гуфт, ки ин нахустин иқдом барои баргузории ҷашнвораҳои филми Тоҷикистон дар хориҷ аст, ки албатта кори саҳле набудааст.

Ӯ таъкид кард, ки бо вуҷуди мушкилоти фаннӣ ва молӣ ин ҷашнвора ҳоло анҷом мешавад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ин фаъъолият дар оянда бо кайфияти беҳтар ва бо абъоди густардатар ва бо ҳузури ҳунармандони ин филмҳо баргузор шавад.

Матолиби муртабит