Филми "Субҳи ҷавонии ман" бори аввал ба забони шуғнӣ дубле шуд

Барои бори нахуст дар Тоҷикистон филме бо номи "Субҳи ҷавонии ман" ба забони шуғнӣ, яке аз ҳафт забони роиҷ дар устони Бадахшони ин кишвар дубле шудааст.
Рӯзи шанбеи 21 сентябр дар Маркази Исмоъилияи шаҳри Душанбе бахши аввали ин филм, ки бештар дар миёни мардуми Тоҷикистон бо исми "Нисо", қаҳрамони аслии он, машҳур аст, пешниҳоди тамошочиён шуд.
Дар намоиши қисмати аввали ин филм ба забони шуғнӣ фарҳангиёну ҳунаршиносон, ҳунарпешаҳои теотр ва синемо ва ҳамчунин алоқамандони забонҳои роиҷ дар Бадахшон ширкат доштанд
Ҳифзи забонҳои кӯчак
Фирӯз Сабзалиев, ҳунарпешаи синемо ва теотр ва аз мубтакирони аслии дублеи филми "Субҳи ҷавонии ман" ба забони шуғнӣ, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки тадорукот барои дублеи ду бахши дигари ин филм ба забони шуғнӣ анҷом шуда ва мубтакирон машғули пайдо кардани сармоя барои оғози ин кор ҳастанд.
Вай дар мавриди худи филм ва зарурати тарҷумаи он ба забони шуғнӣ гуфт: "Ин филм 34 сол муқаддам рӯйи навор омада ва ойину сунани мардуми Бадахшон дар меҳвари достони ҷолиби он қарор гирифтааст. Ба забони шуғнӣ бозгардондани он беҳтарин роҳе барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва ҳунарии ин мардуми кӯҳистонӣ аст."
Оқои Сабзалиев афзуд, ки ҳадафи дигар аз дублеи ин филм ба забони шуғнӣ нигоҳдории забони ин мардум аз нобудшавӣ аст. Ӯ гуфт, ки ин забон то ҳол хатти худро надошта ва дар мадорис омӯзонда намешавад.
Оқои Сабзалиев мегӯяд: "Ҷавонони зиёде имрӯз дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд ва онҷо издивоҷ мекунанд ва дар бештари авқот фарзандони онҳо ба забони модарии худ наметавонанд суҳбат кунанд. Аз тариқи достони ин филм, ки ба забони шуғнӣ ба гӯши мардум мерасад, умедворам таваҷҷуҳи онҳо ба фарҳангу ҳунар ва забони модарияшон бештар шавад."
Ҳунарпешаҳои ҳирфаии Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи сокинони Бадахшон буда ва забони шуғниро балад ҳастанд, дар дублеи ин филм саҳим буданд.
Аз ҷумла, Шералӣ Абдулқайсов ва Асалбек Назриев, ду ҳунарманди саршинос, ки дар филм нақшҳои қаҳрамононро офаридаанд, дар ин филм бо садои худ ба забони шуғнӣ ҳарф мезананд.
Ҳунарпешаҳои дигаре, назири Баҳодур Миралибеков, садои қаҳрамони аслии филм Азизхонро, ки Ато Муҳаммадҷонов, ҳунарманди овозадор ва фақид, нақши ӯро бозӣ карда буд, ба забони шуғнӣ дубле кардааст.
Суханони қаҳрамони дигари филм, тоҷиреро, ки Гурминҷ Завқибеков, ҳунарманди фақид, бозӣ карда, Ғолиб Исломов ба забони шуғнӣ баён мекунад. Ҳамчунин, хоҳарони ҳунарманд, Савринисо ва Соро Сабзалиева, низ дар дублеи филм саҳм гузоштаанд.
Пӯлод Пӯлодов, коргардони овоз, мегӯяд: "Коре, ки бачаҳо анҷом доданд, қобили таҳсин ва дастгирӣ аст, аммо агар бачаҳои ҷавон филмҳои ҷадиде бо забонҳои помирӣ созанд, беҳтар мебуд. Зеро ҳам қаҳрамонҳои ҷадид ва ҳам сужеи замонавӣ метавонад таваҷҷуҳи бештари ҷавононро ба худ ҷалб кунад."
Дар филм аз вожаҳое ба забони шуғнӣ истифода шуда, ки имрӯз насли ҷавон ва бештари мардум онҳоро кам ба кор мебаранд ё фаромӯш кардаанд. Мубтакирони дублеи филм бо иддае аз афроди солманд ва донандаи забони шуғнӣ машварат карда ва вожаҳои лозимро пайдо кардаанд.
Кайфияти бади наворҳо
Фирӯз Сабзалиев, мубтакири дублеи филм, гуфт, ки кайфияти навори филми "Субҳи ҷавонии мо" дар солҳои ахир хеле бад шуда ва масъулон дар баробари ислоҳи садо ҳамчунин бо истифода аз фанновариҳои ҷадид кайфияти тасвири онро низ беҳтар кардаанд.
Ӯ мегӯяд: "Ин филм аз се қисм иборат аст, аммо наздики як сол танҳо қисми аввали филмро ба забони шуғнӣ баргардон намудем. Ман дар хориҷ аз ватан дар филмҳо кор мекардам ва ҳуқуқе, ки мегирифтам, баъд аз бозгашт барои фаъъолияти ҳунарпешаҳое, ки дар дублеи филм нақш доштанд, харҷ мекардам, зеро дар ин кор мо ҳимояти молие аз ҷойи дигар надоштем."
Оқои Сабзалиев мегӯяд: "Хушбахтона Далер Назар, ки дар баробари Фирӯз Баҳор барои ин филм оҳанг офаридааст, кумак кард ва дар хазинаи шахсияш пораҳое аз мусиқиеро, ки барои ин филм навишта буд, дар ихтиёри мо гузошт. Саҳнаҳое, ки кайфияти садо ва мусиқӣ дар онҳо хеле бад шуда буд, мо бозсозӣ намудем."
Далер Назаров, овозхони саршинос ва яке аз тамошогарони филми "Субҳи ҷавонии ман", мегӯяд, коре, ки гурӯҳи кучаке аз ҷавонон анҷом доданд, ҳадяе барои ҳамаи сокинони шаҳри Душанбе аст.
Оқои Назар гуфт: "Ин нахустин қадамест ба сӯйи корҳои бузургтар ва ман бовар дорам, ки ҷавонҳои дигар аз ин кори Фирӯз илҳом гирифта, дублеи филмҳо ва барномаҳои дигареро анҷом медиҳанд."
Давлат Худоназаров, коргардони филми "Субҳи ҷавонии ман", аз коргардонҳои саршиноси тоҷик буда ва дар солҳои 1978-1979 ин филмро дар кӯҳистони Бадахшон таҳия кардааст.
Хӯ гирифтан ба забони русӣ
Ба гуфтаи дастандаркорони дублеи филм, онҳо бо оқои Худоназаров дар мавриди бозгардони ин филм ба забони шуғнӣ суҳбат кардаанд ва вай пешниҳоди онҳоро бо хушнудӣ пазируфтааст.
Ин дар ҳолест, ки Иқбол Завқибеков, гиторнавози гурӯҳи "Шамс", мегӯяд, ки борҳо ин филмро бо забони русӣ тамошо карда ва тамошои дублеи шуғнии филм барояш ғайримуқаррарӣ будааст. Аммо ӯ афзуд, ки баъд аз 10-15 дақиқа муҳтавои филмро дарк кара ва ба шунидани забони шуғнӣ одат кардааст.
Оқои Завқибеков афзуд: "Ман фикр мекунам ҳам коргардони филм ва ҳам ҳунарпешагон ҳангоми филмбрадорӣ ба забони шуғнӣ фикр мекарданд, то фарҳангу ойини мардуми мантақаро бахубӣ тавонанд нишон диҳанд. Аз ин рӯ, баргардони филм ба забони шуғнӣ идеи хубе буд."
Фирӯз Сабзалиев мегӯяд, ки қарор буд дар нахустнамоиши филми дублешуда ба таърихи 14 сентябр дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе Давлат Худоназар, коргардони филм, низ ширкат кунад. Аммо ба далоили фаннӣ нахустнамоиши филм ба рӯзи 21 сентябр гузаронда шуд. Оқои Худоназар билети ҳавопаймо дошта, аммо натавонистааст дар нахустнамоиш ширкат кунад.
Ба андешаи оқои Сабзалиев, ин орзуи деринаи ӯ будааст, ки филми "Субҳи ҷавонии мо"-ро бо забони шуғнӣ пешниҳоди мухлисон кунад. Ӯ мегӯяд ҳаргиз қасди онро надорад, ки ба тарҷума ва дублеи филмҳои дигар ба забонҳои помирӣ идома диҳад.
Ӯ гуфт: "Бигузор ҷавононе, ки ин филмро тамошо мекунанд, аз ин кор илҳом бигиранд ва ин корро идома диҳанду беҳтару бештар аз мо дар равнақ ва инкишофи забони модарии худ аз тариқи намоиши филмҳо бо забонҳои дигари помирӣ саҳм бигузоранд."
Озод Маликов, коргардони синемо, мегуяд коре, ки мутарҷимон ва садобардорони филми "Субҳи ҷавонии мо" анҷом доданд, нишонаи дӯст доштани ватану забону фарҳанги худ аст.
Вай гуфт: "Мо зиёд дар мавриди ватандӯстӣ ҳарф мезанем, аммо дар ин росто кам кореро анҷом медиҳем. Фирӯз бе кумаки касе кореро анҷом дод, ки метавонад дар дили ҳазорҳо бинанда муҳаббат ба забону фарҳангашро бедор кунад."
