Муаъррифии осори шуъарои ҷавони Бадахшон дар Душанбе
Image copyrightBBC World ServiceДар шаҳри Душанбе дар маҳфиле осори бархе аз шуъарои ҷавони бадахшӣ, ки ба забонҳои роиҷ дар ин минтақа шеър мегӯянд, муъаррифӣ шудааст.
Ин маҳфил ба ибтикори созмони фарҳангии мавсум ба “Равшандилон” баргузор шуд ва ҳадаф аз он зинда нигоҳ доштани забонҳои кӯчак дар Тоҷикистон унвон шуд.
Дар ин маҳфил 10 нафар аз ҷавонписарон ва духатрони шеърнавис, осори ба тозагӣ офаридаи хешро пешкаши ширкаткунандагони маҳфил карданд. Бештари ин ҷавонон аз ҷумлаи донишҷӯёни донишгоҳҳои олии Душанбе буданд
Дар ин шабнишинӣ, ки дар тарабхонаи мавсум ба “Шоми Бадахшон”, шоми рӯзи якшанбеи 8 июн доир шуд, ҳамчунин шоъирони шинохташудаи ин минтақа, ки дар канори забони форсӣ-тоҷикӣ ба чанд забони кучаки бадахшӣ низ шеър меофаранд, ширкат доштанд.
Чунин ба назар менамуд, ки шоъирони ҷавон аз ширкати ин чеҳраҳои фарҳангӣ ва адабии саршинос дар маҳфил хиҷолат мекашиданд, вале кушиш мекарданд, ки шеърҳои қироъаткарди худро, фаҳмо бихонанд.
Ҳарчанд барои ширкаткунандагони ин маҳфил, ки забони модарии онҳо шуғнӣ аст, бисёре аз вожаҳои шоъирони ҷавон, ки ба забонҳои вахонӣ ва риндӣ шеър қироъат мекарданд, номафҳум буд.
Забонҳои вахонӣ ва риндӣ дар миёни сокинони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон то ҳол пок нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳамчунин шоъирони ҷавони ноҳияи Рӯшон шеърҳои ба забони рӯшонӣ навиштаи хешро қироъат карданд ва бархе аз навқаламон дар канори шеърҳои забонҳои помирӣ ҳамчунин осорӣ ба тоҷикӣ офаридаи худро низ мехонданд. Дар ин маҳфил бархе аз ҷавонон ҳамзамон шеърҳои офаридаи худро бо оҳанг месуруданд.
Назархудо Дастанбуйов, як масъули созмони “Равшандилон” мегӯяд, ки ҳадафи аслӣ аз доир кардани ин маҳфили базми шеър ошноии шуъарои ҷавон бо мардум будааст.
Оқои Дастанбуйов афзуд: “Бисёре аз ин ҷавонон дарвоқеъ истеъдоди хуб доранд ва бояд дар ҷомеъа онҳо шинохта шаванд. Ҳамчунин мо қасд дорем, ки шеърҳои ин ҷавононро ҷамъоварӣ кунем ва чун як китоб мунташир кунем.”
Оқои Дастанбуйов ҳамчунин гуфт, ки ҳадафи дигар аз баргузории ин ҳамоиш кашфи камбудиҳоест, ки шуъарои ҷавон ба ҳангоми навиштани шеър ба он роҳ медиҳанд.
Ӯ мегӯяд: “Дар ин мафҳил, Варқаи Охонниёз, Ато Мирхӯҷа, Сардори Раҳдор, Раънои Мубориз ва чеҳраҳои дигари адабӣ ҳастанд, ки аз муддатҳо қабл ба забонҳои помирӣ шеър мегӯянд. Ҳоло ин чеҳраҳои адабӣ осори офаридаи ҷавононро арзёбӣ мекунанд ва барои онҳо иштибоҳотеро, ки дар ин осор мавҷуд аст, ошкор мекунанд.”
Дар ин маҳфил шоъирони саршиноси бадахшӣ низ шеърҳои ба тозагӣ офаридаи худро қироъат карданд.
Гуфта мешавад, ки яке аз мушкилоти умдаи шоъирони ҷавон дар Тоҷикистон, камбуди сармоя барои чопи осорашон будааст. Аз ин рӯ бисёре аз ҷавонон, ки ахиран даст ба навиштани шеър мезананд бо пахши онҳо дар сойтҳои интернетӣ осори худро ба ҳамагон ошно месозанд.
