Кумедии Шекспир дар саҳнаи теотр бо шеваи миллӣ ба намоиш даромад

Теотри Лоҳутии Тоҷикистон кумедии Уилям Шекспир, дромнависи маъруфи ҷаҳониро бо номи "Ром кардани духтари ситезаҷӯ" бо шеваи миллии хоси тоҷикӣ рӯйи саҳна овард.
Ҳарчанд дар гузашта намоишномаҳое аз ин дромнависи инглис дар Тоҷикистон таҳия мешуданд, вале ин кумедӣ барои бори аввал дар ин кишвар рӯйи саҳна меояд.
Нахустнамоиши ин кумедӣ, ки теотр онро "Ромкунии саркаш" ном гузоштааст, шоми рӯзи чаҳоршанбеи 11 декабр дар теотр доир шуд ва ҳатто дар пустари эъломи он аксе аз Уилям Шекспир, ки дар сар тоқии тоҷикӣ дорад, гузошта шуда, ки баёнгари шеваи миллӣ иҷол шудани ин намоишнома аст.
Намоишнома аз он оғоз мешавад, ки як теотр тасмим мегирад, ки намоишномаеро аз зиндагии ҷавонон ба намоиш гузорад ва коргардон мефармояд, ки яке аз вазоифи ҳунармандон истифода аз забони лаҳҷаӣ ба ҳангоми иҷрои ин намоиш будааст.
Табдили номи Катарина ба Катагул
Ҳарчанд достони аслии ин кумедӣ аз Уилям Шекспир ҳифз шуда, вале номҳои тамоми қаҳрамонони он тоҷикӣ буда ва Фирӯз Умаров, таҳиякунандаи он кушиш кардааст, ки вақоеъи ин намоишномаро низ ба яке аз манотиқи Тоҷикистон кӯч диҳад.
Оқои Умаров, ки дар ин кумедӣ ҳамзамон нақши қаҳрамони аслӣ, Петручиоро, ки дар намоишномаи теотри Лоҳутӣ ба исми Парда табдил шудааст, иҷро мекунад. Ҳамчунин қаҳрамонони ин кумедии Шекспир бо лаҳҷаи сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд ва либосҳои онҳо низ ба ин манотиқ мутобиқ шудаст.
Оқои Умаров, ҳадаф аз иваз кардани макон, номҳои қаҳрамонон ва истифода аз лаҳҷаро мутобиқ кардани достони кумедӣ барои тамошочии тоҷик унвон кард. Ӯ афзуд: "Мо кушиш кардем, ки ин намоишнома барои тамоми сокинони ин кишвар осонфаҳм шавад."
Вай мегӯяд, ки яке аз аҳдофи истифода аз лаҳчаҳои манотиқи мухталифи ин кишвар дар намоишнома, нишон додани навоқиз ва маҳдудият дар забонҳои маҳалӣ ва таблиғи забони ноби тоҷикӣ-форсӣ буд.
Вале оқои Умаров мегӯяд: "Мо бо ин кор намехоҳем, мардумро барои суҳбат ба забони лаҳҷа даъват кунем, баръакс мо мехоҳем, ки ҳамагон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва амокини дигари ин кишвар ба ҳангоми суҳбат аз забони поку адабӣ истифода кунанд."
Аммо ин нукта боъис шуд, ки нахустнамоиши ин кумедӣ бо тахир баргузор шавад, зеро намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баъд аз тамомошои он, аз коргадон дархости аз байн бурдани бархе аз лаҳҷаҳо ва саҳнаҳои мавҷуда дар намоишномаро карданд.
Ин дар ҳолест, ки сонсури намоишномаҳо дар теотрҳо ва сонсури осори дигари адабӣ, ки дар даврони Шӯравӣ хеле шадид буд, аз муддатҳо қабл дар Тоҷикистон лағв шудааст.
Нина Панова, наққоши ин намоишнома ба ҳангоми омода кардани декори он бештар аз порчаҳои миллӣ, аз ҷумла беқасаб ва атлас истифода кардааст.
Ҳамчунин дарвоза ва дарҳо, тазйини дигари саҳна ва пӯшиши ҳунармандон низ ба сабки шарқӣ, аз ҷумла сӯзаниҳо ва либосҳои зарбофти маъмул дар Бухорову Самарқанд омода шуда ва аз он шаҳодат медод, ки воқеъа дар яке аз шаҳрҳои осиёӣ мегузард.
Нақши қаҳрамони дигари марказӣ, Катарина-духтари саркашро, ки дар ин намоишнома Катагул шудааст, Саъодат Азизова иҷро мекунад. Катагул, ҳарчанд табиъати қаҳрамони кумедии Шекспирро таҷассум мекунад, вале рафтори вай бештар ба духтарони тоҷик шабоҳат дорад.
Достони кумедии Шекспир
Кумедии "Ром кардани духтари ситезаҷӯ"-и Уилям Шекспир (Украшение строптивой) дар авохири асри 16 мелодӣ навишта шуда ва достони аслии ин намоишнома аз сарнавишти як духтари ҷавони саркаш ва ситезҷӯй ҳикоят мекунад.
Катарина ба хотири ин хӯйи худ, тамоми домодшавандаҳоро аз худ гурезонда ва оқибат ба доми Петручио, ҷавони оқил меуфтад, ки бо ҳар роҳе ӯро ром ва дили духтарро ба даст меоварад.
Шекспир дар канори Катарина Баянкаи сархам ва оромро овардааст, ки хоҳари кучулӯи ӯст, ки ба хотири хоҳари саркаши худ ҷабр мебинад. Ӯ ҳарчанд ошиқи як ҷавон аст, вале тасмими падар он аст, ки нахуст бояд хоҳарбузургаш издивоҷ кунад ва сипас иҷозаи арӯсии Баянкаро хоҳад дод.
Мушкили теотр
Аксари ҳунармандони саршиноси тетор, ки дар ин намоишнома нақши қаҳрамононро иҷро мекарданд, аз ҷумлаи собиқадорони ҳунар буда ва синни онҳо аз 50 сол беш буд.
Ҳарчанд қаҳрамонони кумедии Уилям Шекспир, ба ҷуз аз волидон ҳамагӣ ҷавонони зери синни 25 сол буданд.
Аммо коргардони намоишнома мегӯяд, ки онҳо аз шеваи бозии "теотр дар теотр" истифода карда ва ҳамзамон бо ироаи нақшҳои ҷавон тавассути ҳунармандони бузургсол, теотр душвории камбуди ҳунармандони ҷавон дар теотрро матраҳ кардаанд.
Зеро гуфта мешавад, ки ба сабаби ночиз будани маъоши моҳиёнаи ҳунармандон бисёре аз ҳунармандон теотрро тарк карда ва ҷавонон алоқаманди интихоби ин шуғл набудаанд.
Ин нахустин бор аст, ки теотри тоҷик асари Шекспирро бо табдили комили номҳои қаҳрамонон ва макону декор комилан ба зиндагии тоҷикон наздик мекунад.
Ҳарчанд иддае аз ҳунаршиносон аз ин иқдоми теотр ва коргардон дар қиболи асари Уилям Шекспир, нохушоянд буданд, вале иддае дигаре аз таҳияи ин асар бо чунин тафсир истиқболи гарм кардаанд.
Аз сӯйи дигар коргардони ин намоишнома ва аксари ҳунармандон гуфтаанд, ки орзу доранд, кумедии ""Ром кардани духтари ситезаҷӯ"-ро дар теотри "Globe"-и Ландан, ки дар ҷаҳон ба увнони теотри Шекспир машҳур аст, намоиш диҳанд.
