Намоиши "Зартушт гуфт" дар музеи мусиқии Теҳрон; гуфтугӯ бо коргардон

Руберт Куито, яке аз коргардонони шинохташудаи теотри Утриш, батозагӣ намоишномае илҳомгирифта аз андешаҳои Зартушт ва бо истифодаи мустақим аз ҷумалоти Авасторо барои аввалин бор дар музеи мусиқии Эрон ба рӯйи саҳна бурдааст.
Ин намоишнома, ки "Зартушт гуфт" ном дорад, ба забони олмонӣ тадвин, вале тарҷумаи форсии он рӯзи бистуми октябр дар Теҳрон иҷро шудааст. Ба гуфтаи Руберт Куито "Зартушт гуфт" се сол дар интизори иҷро буд, то батозагӣ аз вазорати иршоди исломӣ муҷаввиз гирифта ва имкони иҷрои он дар толори музеи мусиқии Эрон фароҳам омадааст.
Коргардони бособиқаи утришӣ дар мусоҳиба бо Би-би-сии форсӣ мегӯяд чаҳор сол пеш сафири вақти Утриш, ки маъмурияташ тоза дар Теҳрон шурӯъ шуда буд, бо ишора ба ин ки ӯ солҳо бо бозигароне аз кишварҳои гуногун ва намоишномаҳое аз фарҳангҳои мухталиф иҷро карда, аз ӯ пурсид оё моил аст бо сафаре ба Теҳрон муқаддамоти иҷрои як теотри муштарак бо ҳамкории дастандаркорони теотри Эрон ва Утришро фароҳам кунад?
Дар пайи ин дархост Руберт Куито роҳии Теҳрон шуд, то мавзӯъе барои як намоишномаи муштарак биёбад. Дар тӯли ҷустуҷӯҳои ин коргардон дар Теҳрон нигоҳ ба як акси қадимӣ аз бурҷи Хомӯшии (Дахма) Язд дар музеи акси кохи Гулистон, ки дар ҳудуди 113 сол пеш гирифта шуда, ӯро чунон таҳти таъсир қарор дод, ки ӯ дар ҳамон лаҳза мусаммам шуд намоишномаи худро ба Зартушт ва зартуштиёну Авасто ихтисос диҳад.
Теҳрон, Шероз, Исфаҳон ва Язд
Оқои Куито, ки дар 17-солагӣ китобе дар бораи Зартушт хонда буд, дини зартуштиро мешинохт, вале то он замон роҷеъ ба вуҷуд ва амалкарди бурҷҳои Хомушӣ чизе намедонист.
Дар тайи сафари чаҳорҳафтаӣ Руберт Куито аз Теҳрон, Исфаҳон ва Шероз боздид кард, вале ба гуфтаи ӯ билохира дар Язд он чиро дар рӯёяш меҷуст, ёфт. Дар Язд ӯ бурҷи Хомӯширо, ки дар акс дида буд, аз наздик дид, агарчи бурҷҳои Хомӯшӣ беш аз 60 сол аст дигар истифода намешаванд ва бештар ба маҳалли боздиди гардишгарон табдил шудаанд.
Ӯ мегӯяд барои ӯ Язд, ки дар он ҳанӯз бахшҳое аз зиндагии суннатӣ ва фарҳанги зартуштиён дар дастрас аст, маҳалле буд, ки ба ӯ кумак кард илҳомеро, ки тасвири бурҷи Хомӯшӣ (Дахма) ба ӯ дода буд, аз назари теотрӣ мунсаҷим созад.
Дар ҳамон ҷо буд, ки ӯ тавонист он чиро ки аз омӯзаҳои Зартушт медонист ва ҳастаҳои бостонии фарҳанг ва тафаккури эрониро дар қолиби намоишномае мудерн бозофаринӣ кунад.Сафари ӯ ба Язд он тавр ки худаш мегӯяд ҷиддитар аз сафари як гардишгари маъмулӣ буд, ки барои ошноӣ бо ин фарҳанг танҳо ба дидани оташи Баҳром дар маркази Язд мераавад.
Дидор аз манотиқи зартуштинишини ҳумаи Язд, зиёратгоҳҳои зартуштиён ва бахусус дидор аз бурҷҳои Хомӯшӣ дар биёбонҳои атроф дар канори мутолиъаи Авасто ва дигар мутуни динии зартуштиён ва ҳамчунин хондани "Шоҳнома" ин коргардони теотрро мусаммам кард кори муштаракаш бо бозигарони эрониро дар бораи Зартушт бо ҷумалоти Авасто тадвин кунад.
"Дар Язд ин шонсро доштам, ки мардуми меҳрабони онҷо манро ба хонаҳояшон даъват кунанд ва бароям ғизоҳои суннатии эронӣ бипазанд ва баъд маро дар атрофи Язд бигардонанд, то оташкадаҳо ва ибодатгоҳҳои кучактари зартуштиҳоро бубинам, то сарвҳои муқаддас, дарахтҳои анор ва санҷидро тамошо кунам ва ҳамчунин аз бурҷҳои Хомӯшӣ дар Язд ва атрофи он дидан кунам, ки баъзе аз онҳо вазъи хубе надоштанд."
Руберт Куито мегӯяд дар замони боздид аз яке аз бурҷҳои Хомӯшӣ буд, ки ба ӯ илҳом шуд, ҳамин кафи бурҷ метавонад саҳнаи теотре бошад, ки дар он ҷумалоти баргузидаи Авасто мавзӯъи гуфтугӯи байни бозигарон шавад, то битавонад аз даричаи ин дини бостонӣ, ки ӯ муътақид аст зербинои ҳамаи динҳои баъдӣ аст, нигоҳи худ ба ҳастӣ ва инсонро баён кунад. Дар ҳамон болои бурҷ буд, ки мутуни Авасто ҷилави чашмонаш зоҳир мешуданд ва ҳамон ҷо буд, ки санги бинои намоишномааш гузошта шуд:
"Дар яке аз бурҷҳо, ки фикр кунам Гулистон ном дорад, гӯйӣ тарҳу сохтори ин намоишнома дар чашмони ман нигоҳ кард (ҷилави чашмонам муҷассам шуд). Беш аз се соъат рӯйи бурҷ будам ва мутуни Авасторо ҷилави чашмонам медидам ва ҳамон ҷо қитъаи "Зартушт гуфт"-и ман халқ шуд. Дигарон фикр карданд ман девона шудаам. Гуфтанд, ки инҷо фақат сангу хок аст, шумо дар тӯли се соъат инҷо чи мебинед? Ман дар нуқоти мухталифе аз дунё, ки ҳама ғайримаъмул будаанд, теотр иҷро кардаам, вале ин яке аз ҳама беҳтар аст."
Интизори сесола
Баъд аз тадвини намоиши "Зартушт гуфт", тарҷумаи форсии онро ба кумитаи бозбинӣ супурданд, то барои он иҷозаи иҷро содир шавад. Намоишнома бояд дар Эрон ва Утриш ба ҳар ду забони форсӣ ва олмонӣ рӯйи саҳна мерафт, аммо судури муҷаввиз муддати зиёде тӯл кашид, тавре ки коргардон ва дастандаркорони утришӣ аз иҷрои он ноумед шуданд, то ин ки анҷумани Эрону Утриш аз коргардон хост қабл аз он ки намоишнома дар Утриш рӯйи саҳна равад, ҳаддии ақал як бор ба олмонӣ дар маҳалли анҷуман дар Теҳрон иҷро шавад.
Барои ҳамин буд, ки коргардон дубора аз Виен ба Теҳрон парвоз кард ва намоишнома дар Теҳрон ба забони олмонӣ иҷро шуд. Дар ин миён дидори Руберт Куито дар ҳошияи як ҷашнвораи теотр бо яке аз масъулони ҷадиди вазорати иршоди исломӣ ва гуфтугӯи мустақими онҳо боъис шуд судури муҷаввиз барои "Зартушт гуфт" дубора баррасӣ ва барои иҷрои он ба замбони форсӣ муҷаввиз содир шавад.
Дар намоишномаи "Зартушт гуфт", ки дар он ҳафт шахсият (Зартушти сиёҳ, Зартушти сафед, Аҳуромаздо, Аҳриман, Аввалин инсон ва Аввалин зан ва Ҳоҷӣ Фирӯз) бозӣ мекунанд, як нигоҳи фалсафии нав ба зиндагии инсон аз даричаи мутуни Авасто ва омӯзаҳои Зартушт мешавад. Руберт Куито таъкид мекунад, ки агарчи дар матн, гуфтугӯи бозигарон аёнан аз Авасто гирифта шуда, вале намоишнома роҷеъ ба зиндагии инсон, даргириҳо ва мушкилоти ӯ бо табиъат ва ҳамнавъонаш ва ҷустуҷӯ барои ёфтани роҳе барои идомаи зиндагӣ аст.
Зартушти хандон
Иштибоҳе, ки инсон дар куштани гов, ки нумоди озуқарасонӣ ба инсон аст, муртакиб мешавад, боъиси тохтутози Аҳриман ва мавҷудоти аҳриманӣ ба ҳастӣ мешавад, ки душвориҳои инсонро бештар мекунад ва ҳоло бояд роҳи зиндагиашро дар ин тангно бо вуҷуди юришҳои аҳриманӣ биёбад.
Намоишнома бо вуруди марде сиёҳпӯш ва ноумед, ки аз ҳма ҷо монда ва аз ватанаш ронда аст, шурӯъ мешавад, ки аз холиқаш мехоҳад ба ӯ кумак кунад. Бо нақли қавлҳое аз Авасто гуфтугӯи ин мард бо холиқаш Аҳуромаздо дар мавриди ҳастӣ ва вазоифе, ки ӯ аз тарафи Аҳуромаздо ба уҳда мегирад, ва тарҳи мушкилот ва даргириҳо бо мавҷудоти хайру шари ҳастӣ идома меёбад...
Коргардони утришии "Зартушт гуфт" ҳоло умедвор аст баъд аз аввалин иҷрои намоишномааш дар музеи мусиқӣ битавонад онро дар баҳори оянда дар як давраи якмоҳа ҳар шаб дар яке аз теотрҳои Теҳрон иҷро кунад. Орзуи ӯ вале пеш аз ҳама он аст, ки ин қитъаро ба қавли худаш ба Язд, маҳалли илҳоми он, бозгардонад ва дар бурҷи Хомӯшии Гулистон, ки маҳалли халқи ин намоишнома буд, ба иҷро дароварад.
Ӯ, ки қаблан намоишномаҳое дар ҳутел, фурудгоҳ, истгоҳи роҳи оҳан ва истахр иҷро карда, мегӯяд бурҷи Хомӯшӣ маҳалле бисёр муносиб барои иҷрои намоише аст, ки гуфтугӯи байни бозигаронаш, ҷумалоти паёмбари бостонии эронӣ ва Авастост
