Коргардони узбак 'Тартюф'-ро дар Тоҷикистон ба саҳна гузошт

  • 4 Май, 2013
Тартюф
Image caption Кумедии машҳури Жан Ботис Мольер, ки дар соли 1664 навишта шуда, то имрӯз тақрибан дар ҳамаи теотрҳои дунё ба саҳна рафтааст

Як коргардони узбак дар теотри русии ба номи Маяковскии шаҳри Душанбе намоишномаи “Тартюф”-и Жан Ботис Молйерро ба саҳна гузошт.

Нахустнамоиши ин кумедии машҳур шоми 3-юми май дар теотри Маяковскии шаҳри Душанбе ба забони русӣ ба алоқамандони теотр пешкаш шуд.

Ин намоишномаро Олимҷон Салимов, коргардони узбак ба ёди Фаррухи Қосим, коргардони фақиди тоҷик, ки аввалин бор ин кумедии машҳури Молерро ба саҳнаи тоҷик гузошта буд, бахшидааст.

Дар ин кумедӣ, коргардон зоҳиран ба шабоҳатҳое байни достони қарни 17-и Порис ва воқеъиятҳои имрӯзӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ишора мекунад.

Достони машҳури Тартюфи дуруғгӯ, ки бо намоиши камоли фурутанӣ, парҳезгорӣ ва худотарсӣ ба эътимоди сарвари хонавода Оргон даромада ва ӯро хонавайрон мекунад.

Оргони зудбовар, ки нақши ӯро дар ин намоишнома Дмитрий Мурзинов бозида, то охир аъзои хонаводаашро барои нобоварӣ ба Тартюф "носипос ва ғарқи гуноҳ" меномад ва мегӯяд: "Чӣ гуна метавонед дар мавриди поктарин инсон ин ҳама тӯҳматро раво бинед".

Тартюф, қаҳрамони аслии ин кумедӣ дар намоишномаи Олимҷон Салимовро Хуршед Мустафоев, ҳунарманди теотри русӣ иҷро кардааст.

Ин дуввумин намоишномаи Олимҷон Салимов дар саҳнаи теотри русии Маяковскии дар шаҳри Душанбе аст, ки ба саҳна мемонад. Ӯ қаблан намоишномаи "Панҷ зани Хоҷа Насриддин"-ро рӯи ин саҳнаи ин теотр оварда буд.

Аммо кумедии машҳури Жан Ботис Молйер, ки дар соли 1664 навишта шуда, имрӯз тақрибан дар ҳамаи теотрҳои дунё ба саҳна рафтааст.

Дар Тоҷикистон "Тартюф"-ро бори аввал Фаррухи Қосим, ҳунарманди мардумми Тоҷикистон дар соли 1989 дар теотри шаҳри Қурғонтепа ба саҳна гузошта буд. Ин намоишнома дар ҷашнвораи теотрии "Парасту-89" ҷоизаи "Беҳтарин кори коргардонӣ" гирифта буд.

Матолиби муртабит