Таҷлил аз рӯзи теотр дар Тоҷикистон

  • 8 Ноябр, 2013
саҳнае аз намоишномаи "моҷаро"
Image caption Ҳунарпешаҳои теотр бар ин назаранд, ки таваҷҷуҳи давлат ба теотр камтар шудааст

Ҳафтуми ноябр мусодиф бо Рӯзи теотр дар Тоҷикистон аст. Ин рӯзро ҳунарпешаҳои теотр дар Тоҷикистон бо баргузории мафоҳиле ҷашн гирифтанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам дар як ҳамоиш дар Теотри ҷавонони Маҳмудҷон Воҳидов дар шаҳри Душанбе ба чанде аз ҳунарпешаҳо ва коргардонҳои теотр ифтихорномаву ҷавоизи вижае эъто карданд.

Дар ин ҳамоиш Маҳмадсаид Пиров, мудири бахши фарҳангии дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва Миралӣ Достиев, муъовини аввали вазири фарҳанг, ҷоизаҳоро ба ҳунарпешаҳо тақдим карданд.

Ҳамчунин дар ин теотр дроми "Моҷаро," ки аз рӯи асари Корлу Гулдунӣ, дромнависи шинохтаи итолиёӣ, таҳия шуда буд, таҳти унвони "Моҷарои Куҷин" бори аввал ба намоиш даромад.

Бори нахуст 7 ноябри соли 1929 намоишномае ба забони русӣ дар Тоҷикистон ба рӯйи саҳна рафт, ки онро бисёре аз ҳунаршиносон оғози ҳунари теотрӣ дар ин кишвар медонанд. Ба ҳамин муносибат 7 ноябр Рӯзи теотр дар Тоҷикистон эълом шудааст.

Дар беш аз ҳаштод соли гузашта, ба эътиқоди ҳунаршиносон, беҳтарин замони тавсеъаи теотр дар Тоҷикистон авохири даҳаи 1980 ва авоили даҳаи 1990 будааст.

Дар авохири даҳаи 1980 бештари коргардонҳо қолабҳои теотри шӯравиро, ки аз ҳунари теотри русӣ маншаъ мегирифт, шикаста ва аносире аз ҳунар ва адабиёти форсиро вориди офаридаҳои ҳунарии худ карданд.

Имрӯз ҳунармандони теотр ва синемои тоҷик бар ин ақидаанд, ки вазъияти молии ҳунармандон бадтар шуда ва ҳунари теотр рӯ ба таназзул ниҳодааст. Бо ҳуқуқи моҳиёнае, ки ҳунармандон дарёфт мекунанд, ҳунармандони ҷавон дигар чандон алоқае ба кор дар теотр надоранд.

Аммо баъзе аз ҳунаршиносон муътақиданд, ки намоиши корҳои теотрии ҷаззобтаре метавонад мардумро дубора ба теотр ҷазб кунад ва бозори ҳунари теотрро равнақи тозае бахшад.