Ифтитоҳи дувумин ҷашнвораи теотрии “Нигоҳи нав” дар Душанбе

  • 16 Май, 2013
"Нигоҳи нав"
Image caption Масъулони "Нигоҳи нав" мегӯянд, дар ин ҷашнвора ҳунарпешаҳои камтаҷруба дар шонс доранд истеъдоди худро пешкаши тамошобин кунанд.

Рӯзи панҷшанбеи 16 май дар теотри русии Влодимр Маяковскии шаҳри Душанбе дуввумин ҷашнвораи теотрии ҷавонон таҳти унвони “Нигоҳи нав” ифтитоҳ шуд.

Ин ҷашнвора-озмун аз 16 то 22 май идома хоҳад дошт ва дар он шаш намоишномаи озмунӣ ва чаҳор намоишномаи ғайриозмунӣ ба аъзои ҳакамону алоқамандони теотр пешниҳод хоҳад шуд.

Тамоми намоишномаҳои ин ҷашнвора тавассути ҳунармандони ҷавонони зери 30 сол таҳия ва иҷро мешаванд. Далери Эмомалӣ яке аз мубтакирони "Нигоҳи нав" дар нишасти хабарие қабл аз оғози ҷашнвора гуфт: “Ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвора дарёфти чеҳраҳои ҷадид аз миёни ҳунарпешаҳои ҷавони лаёқатманд мебошад.”

Шоҳҷамшед Раззоқзода, яке дигар аз дастандаркорони баргузории ин ҷашнвора мегӯяд: “Дар бештари авқот ҳунарпешаҳои ҷавон ба ҷашнвораҳои ҳирфаии теотрӣ роҳ намеёбанд, зеро коргардонҳо ба далели камтаҷрибагии ҳунарпешаҳои ҷавон аз онҳо камтар ба кор мегиранд. Ин ҷашнвора барои ин гуна ҳунармандон шонси намоиш додани истеъдодҳояшон мешавад."

Тибқи шароити ҷашнвораи теотрии “Нигоҳи нав” синни ширкаткунандагони он набояд бештар аз 30 сол бошад. Шароити дигар ин аст, ки теъдоди бозигарон дар як намоишнома набояд бештар аз панҷ нафар ва танзими вақти ҳар намоишнома на бештар аз 45 дақиқа бошад.

Доварони ин ҷашнвора ҷоизаҳоро дар бахшҳои "беҳтарин намоишнома", "беҳтарин коргардон", "беҳтарин нақши зан", "беҳтарин нақши мард", "беҳтарин нақши лаҳзавӣ", "таваҷҷӯҳи тамошобин", "беҳтарин оҳанг", "беҳтарин ороиши саҳна", "беҳтарин нурпардозӣ" ва "беҳтарин ороишгари руй" хоҳанд супурд.

Ҷашнвораи “Нигоҳи нав” бо ҳимояти молии Сандуқи Сурус ва Дафтари ҳамкории Суис дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳи ва Вазорати фарҳанги кишвар баргузор мешавад.

Нахустин ҷашнвора озмуни "Нигоҳи нав" дар соли 2012 баргузор шуда буд ва дар он намоишномаи “Модари аз тоқати таҳқир хаста”-и Муҳиддин Ҷӯраев аз ноҳияи Конибодом шоҳҷоизаи ин ҷашнвораро касб кард.

Матолиби муртабит