Оғози ҷашнвораи теотрии “Парасту-2013”

  • 5 Апрел, 2013
Парасту 2013
Image caption Дар ин ҷашнвора 16 теотри ҳирфаӣ аз сартосари Тоҷикистон намоишномаҳои ҷадиди худро пешкаши тамошобин мекунанд.

Дар ҷашнвораи "Парасту"-и имсол, ки рӯзи ҷумъаи 5 апрел оғоз ёфт, 16 теотри ҳирфаӣ аз сартосари Тоҷикистон намоишномаҳои ҷадиди худро пешкаш мекунанд.

Қарор аст, ки дар давоми чаҳор рӯзи оянда ин намояшномаҳо ҳамарӯза дар толорҳои мухталифи шаҳри Душанбе ба алоқамандони ҳунари теотр ва доварони ҷашнвора - озмуни теотрӣ пешкаш шаванд.

Дар маросим ифтитоҳи "Парасту 2013" Миралӣ Достиев, муъовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, зимни суханронӣ ба мувафақияти теотрҳои кишвар дар чанд соли ахир таъкид кард.

Вай гуфт: “Ҷашнвораи Парасту барои пайдо кардани муаллифони асарҳои беҳтарин ва кашфи истеъдодҳои тоза дар арсаи ҳунари теотр кумак мекунад. Баҳогузорӣ дар ин озмун мунсифона ва беғаразона хоҳад буд ва беҳтарин мунақидони теотрии тоҷик ва хориҷӣ барои қазовати кори гурӯҳҳои ҳунарӣ дар ин ҷашнвора даъват шудаанд.”

Маҳмадулло Табаров, теотршинос ва раиси ҳайъати ҳакамони ин ҷашнвора буда ва Елена Покровская, мунақиди теотрӣ аз шаҳри Москваи Русия, Мируел Жақсиликова, теотршинос аз Қазоқистон ва Қудратулло Яҳёев, оҳангсози Тоҷикистон дар миёни доварони ин ҷашнвора ҳастанд.

Ҷумъа Қудус, дромнависи шинохтаи тоҷик, Саъдуло Раҳимов, доктори илмҳои фалсафа ва мунаққиди синамо, Сафаралӣ Қурбонов, арбоби ҳунари Тоҷикистон низ дар ҳайъати аъзои ҳакамони “Парасту 2013” ҳастанд.

Муҳаммадсаид Пиров, мудири бахши фарҳанги дастгоҳи раёсат ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд: “Дар Тоқикистон дар чанд соли ахир намоишномаҳои зиёде муваффақ таҳия шудаанд, ки аз ҷониби мунақидони теотрии ватаниву хориҷӣ ва алоқамандони теотр хуш пазируфта шуданд.”

Оқои Пиров ҳамчунин аз чанде аз намоишнома ном гирифт ва афзуд: “Дромми “Чамбули мастон”-и Сафармуҳаммад Аюбӣ, “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон” аз Фаррух Қосимов, “Саргузашти Сафар махсум” аз Ато Ҳамдам ва “Афсонаҳои муйсафед” аз Нурулло Абдуло аз ҷумлаи ин намоишномаҳо ҳастанд.”

Барои аввалин бор дар ҷашнвораи теотрии “Парасту” теотре аз Фаронса бо намоишномаи “Таъми кейки шур” ширкат мекунад.

Намоишномаҳои ҷашнвора озмуни теотрҳои касбии “Парасту 2013” дар чанд теотри шаҳри Душанбе, аз ҷумла теотри Лоҳутӣ, теотри Маяковский ва теотри Уперо ва болеи Айнӣ ба намоиш медароянд.

Натоиҷи ин ҷашнвора - озмун 10-уми апрел мушаххас хоҳад шуд. Баргузоркунандагони ҷашнвора гуфтанд, ки имсол теотрҳо дар интихоб ва пешниҳоди мавзӯъи намоишномаҳо ба "Парасту" озод буданд.

Ҷашнвора-озмуни теотрҳои касбии “Парасту” барои аввалин бор соли 1988 бо ташабуси ходимони теотрӣ ва Вазорати фарҳанги кишвар баргузор шуд.

Аз соли 1993 ин озмуни ҳунарӣ на танҳо дар шаҳри Душанбе балки дар шаҳру вилоятҳои дигари Тоҷикистон низ бо навбат баргузор мешуд.

“Парасту”-и мсол ба 100-умин солгарди таваллуди София Туйбоева, ҳунарпешаи мардумӣ ва яке аз ситораҳои ҳунари теотри тоҷик бахшида шудааст.

Ӯ аз нахустин бонувони тоҷик буд, ки дар нахустин филми беовози синамогарони тоҷик бо номи “Муҳоҷир” дар таҳияи Комил Ёрматов нақш офаридааст.

Софи Тӯйбоева барои аввалин бор дар саҳнаи тоҷик нақши Ҷулиетаро дар намоишномаи “Ромео ва Ҷулиета” бар асари безаволи Уилям Шекспир офаридааст.

Дар феҳристи зер номи намоишномаҳои теотрҳои мухталифи кишвар, ки барои ширкат дар ҷашнвораи "Парасту 2013" пешниҳод шудаанд, чида шуданд:

Image caption Саҳнае аз намоишномаи "Фиғон"-и теотри мусиқи мазҳакаии ба номи Саидали Вализодаи шаҳри Кӯлоб

Теотри мусиқи мазҳакаи ба номи Саидали Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо намоишномаи “Фиғон”

Теотри мусиқи мазҳакаи ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа бо намоишнома “Лаку Пак”

Теотри русии ба номи Александ Пушкини шаҳри Чкалови вилояти Суғд бо намоишномаи “Лулиён”

Теотри мусиқи мазҳакаи ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хӯҷанд бо намоишномаи “Ҷавонии Мушфиқӣ”

Теотри русии ба номи Маяковскии шаҳри Душанбе бо намоишномаи “Грех Каина”

Теотри ба номи Ш Бурҳонови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо намоишномаи “Қулф”

Теотри “Аҳорун”-и шаҳри душанбе бо намоишномаи “Таваллуди дигар”

Гурӯҳе аз теотри Фаронса бо намоишномаи “Вкус солёного пирога”

Теотри лухтаки шаҳри Душанбе бо намоишномаи “Лаклак ва хӯса”

Теотри лухтаки шаҳри Чкаловский вилояти Суғд бо намоишномаи “Зодрӯзи рубоҳаки содаяк”

Теотри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе бо намоишномаи “Нури Маърифат”

Теотри ба номи Тӯҳфа Фозиловаи ноҳияи Конибодом бо намоишномаи “Тавқи лаънат ва номзад”

Теотри мусиқии ноҳияи Данғара бо намоишномаи “Субҳи козиб”

Теоти давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе бо намоишномаи “Чархи гардон”

Теотри тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд бо намоишномаи “Муъҷизакор”

Теотри ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо намоишномаи “Шатҳ”

Матолиби муртабит